Май 13, 2017 10:04 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи тарҳҳои умронӣ дар Данғара бо ҳузури раиси ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафари дирӯзи худ ба ноҳияи Данғараи вилоят Хатлон аз се тарҳи умронӣ баҳрабардорӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, Раҳмон дар ин сафар тарҳи обрасонии мавсум ба “Водии Данғара- 3”-ро ифтитоҳ кард.

 Ин тарҳ бо ҳадафи рушди бахши кишоварзӣ имкони обёрии беш аз ҳазору 700 гектар замин ва таъмини оби ошомидании мардуми ин ноҳияро фароҳам кардааст.

33 миллион доллар ҳазинаи ин тарҳ аз маҳалли будҷаи давлатӣ, қарзи Бонки тавсеаи исломӣ ва кӯмаки молии Сандуқи тавсеаи Кувайт таъмин шудааст.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар рустои Сангтудаи ноҳияи Данғара мадрасаи ҷадидеро бо зарфияти пазириши ҳазору 320 донишомӯз ифтитоҳ кард.

Ин мадраса бо беш аз 16 миллион сомонӣ будҷаи ҳукумати Тоҷикистон дар 18 моҳ сохта шудааст.

Дар сафари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Данғара сохти як корхонаи санъатӣ низ оғоз шуд.

Ин корхона бо беш аз 15 миллион доллар ҳазина, бахши хусусӣ дар якуним сол сохта мешавад ва зарфияти тавлиди солона 20 ҳазор тон маҳсулоти санъатиро хоҳад дошт.

Бо сохти ин корхона заминаи корофаринии доими 150 нафар фароҳам мешавад.