Май 13, 2017 10:35 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии Бонки ҷаҳонӣ дар бораи коҳиши тавлиди нохолиси миллӣ дар Тоҷикистон

Бонки ҷаҳонӣ дар тозатарин гузориши худ дар заминаи рушди иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2017 коҳиши мизони тавлиди нохолиси миллиро барои Тоҷикистон пешбинӣ кард.

Ба гузориши сомонаи Бонки ҷаҳонӣ, дар ин гузориш таъкид шудааст, ки ҳаҷми тавлиди маҳсулоти нохолиси миллии Тоҷикистон дар соли 2017 ба панҷуним дарсад коҳиш хоҳад ёфт.

Ин дар ҳолест, ки мизони рушди тавлиди маҳсулоти нохолиси миллии Тоҷикистон дар соли 2016, 6,9 дарсад эълом шуда буд.

Дар ин гузориш далели кунд шудани рушди тавлиди маҳсулоти нохолиси миллии Тоҷикистон дар соли 2017, коҳиши мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия ва мушкилоти низоми бонкии ин кишвар унвон шудааст.

Дар ҳамин ҳол Бонки Рушди Осиё мизони рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2017 -ро 4,8 дарсад пешбинӣ кардааст.

Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Рушди Осиё дар гузоришҳои худ барои соли 2017 таъсири номатлуби коҳиши мизони даромади коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия ва мушкилоти низоми бонкии ин кишварро ба унвони авомили таъйинкунанда дар вазъи рушди иқтисодии ин ҷумҳурӣ баршумурдаанд.

 

Барчасп