Эъломи қатъи об дар се ноҳияи Душанбе ба муддати чаҳор рӯз
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i17126-Эъломи_қатъи_об_дар_се_ноҳияи_Душанбе_ба_муддати_чаҳор_рӯз
Шаҳрдории Душанбе аз қатъи об ба муддати чаҳор рӯз, ба таври муваққат дар се ноҳияи ин шаҳр ба далели бозсозии шабакаи обрасонӣ хабар додааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 14, 2017 09:17 Asia/Dushanbe
  • Эъломи қатъи об дар се ноҳияи Душанбе ба муддати чаҳор рӯз

Шаҳрдории Душанбе аз қатъи об ба муддати чаҳор рӯз, ба таври муваққат дар се ноҳияи ин шаҳр ба далели бозсозии шабакаи обрасонӣ хабар додааст.

Ба гузориши равобити умумии шаҳрдории Душанбе, рӯзҳои 15 то 18 май ба далели бозсозӣ ва тармими бахшҳое аз шабакаи обрасонии пойтахти Тоҷикистон, муваққатан қатъии об дар маҳаллаҳои Сино, Шоҳмансур ва Исмоили Сомонии ин шаҳр дар назар аст.

Шаҳрдории Душанбе дар ин иттилоия таъкид кардааст, ки сокинони ин ноҳияҳо бояд барои 24 соат, оби мавриди ниёзи хешро захира кунанд.

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба раисони ин се ноҳия ва мудири шабакаи оби шаҳри Душанбе дастур додааст, ки дар шароити изтирорӣ бо истифода аз мошинҳои обкаш оби мавриди ниёзи сокинони ин манотиқро таъмин кунанд.

Ахиран мақомоти шаҳрдории Душанбе ва дафтари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, мавзуи кумаки молии ин ниҳодро ба барномаи беҳбуди таъмини сокинони пойтахти Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ мавриди баррасӣ қарор додаанд.