Май 14, 2017 19:38 Asia/Dushanbe
  • Захмӣ шудани корманди амният ва додситонӣ дар Кӯлоб

Манобеи мустақил аз захмӣ шудани як корманди амнияти миллӣ ва як корманди идораи додситонӣ дар шаҳри Кӯлоб дар ҷануби Тоҷикистон дар паи ду ҳамлаи ҷудогонаи шабонгоҳӣ хабар доданд.

Ду ҳамлаи шабона алайҳи кормандони идороти амнияти миллӣ ва додситонии шаҳри Кӯлоб дар шаби 14 майи соли ҷорӣ сурат гирифтааст .

Тибқи иттилои расонаҳо, корманди идораи амнияти миллии шаҳри Кӯлоб мутаваллиди вилояти Бадахшон будааст, ки бар асари ҳамлаи афроди ношинос бо корд ҷароҳати вазнин бардоштааст .

Корманди идораи додситонии шаҳри Кӯлоб низ, ки мавриди ҳамлаи мушобеҳи афроди ношинос бо корд қарор гирифта буд, ба шиддат захмӣ ва ба бемористон мунтақил шудааст .

Гуфта мешавад, таҳқиқи далоили ин ҳаводис тавассути гурӯҳе аз бозрасони муҷарраб, ки шомили кормандони ниҳодҳои қазоӣ ва амниятӣ ва интизомӣ мешаванд, оғоз шудааст .

Шаҳри Кӯлоб пас аз Қурғонтеппа, дуввумин шаҳри бузурги вилояти Хатлон мебошад, ки дар 200 километрии ҷануби шарқи Душанбе воқеъ шуда ва дорои 120 ҳазор ҷамъият аст .

Ахиран сайти vostoknews.org аз қавли манобеаш хабар аз фавти ин корманди амният  дода буд.