Май 15, 2017 09:00 Asia/Dushanbe
  • Маҳкум шудани рӯзноманигори тоҷик ба пардохти 25 ҳазор сомонӣ

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, корманди нашрияи мустақили Озодагонро ба пардохти 25 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум кард.

Ба иттилои Тоҷинфо, додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ахиран хонуми Мижгона Ҳалимова, корманди нашрияи мустақили Озодагонро ба иттиҳоми пинҳон кардани ҷиноят ба пардохт 25 ҳазор сомонӣ ҷаримаи молӣ маҳкум кард .

Ин дар ҳолест, ки қаблан танҳо хабаргузории Азия-Плюс бо интишори ин хабар таъкид карда буд, ки додгоҳ пушти дарҳои баста баргузор шуда ва ба ин далел имкони пардохтан ба ҷузъиёти ин мавзуъ вуҷуд надорад .

Мижгона Ҳалимова то соли 2015 корманди нашрия ва сомонаи Наҷот мутааллиқ ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд, ки пас аз мамнуияти фаъолияти ин гурӯҳ ва баста шудани ҳафтаномаву сомонаи он фаъолияти худро дар нашрияи мустақили Озодагон оғоз кард.

Сомонаи Тоҷинфо ҳукми ахири додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе алайҳи Мижгона Ҳалимоваро бо фаъолияти қаблии ӯ дар нашрия ва сомонаи Наҷоти мутааллиқ ба Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон марбут медонад .

Гуфта мешавад, ки мақомоти ҳукуматӣ борҳо аз хонуми Ҳалимова хоста буданд, бо пушиши исломӣ ба маҳалли кори хеш ҳозир нашавад, ки бо мухолифати ӯ рӯ ба рӯ мешуданд .

Сайти Тоҷинфо афзудааст, Мижгона Ҳалимова барои кумак ба дифоъ аз ҳуқуқи хеш ба созмонҳо ва гурӯҳҳои мудофеи ҳуқуқи башарии мустақил муроҷиа кардааст, аммо ҳеч як аз ин ниҳодҳо ҳозир нашудаанд, ба ӯ кумак кунанд .

Аз ин рӯ, Мижгона Ҳалимова маҷбур шудааст, вакили мудофеи мустақил бигирад, ки ҳазинаи ваколати ин фардро Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии рӯзноманигарони мустақили Тоҷикистон ва Абдулмалик Қодиров, коршиноси расонаии тоҷик пардохт кардаанд .

Инак рӯзноманигорони тоҷик барои таҳияи маблағи ҷаримаи молии Мижгона Ҳалимова талоши худро оғоз кардаанд .