Май 17, 2017 09:33 Asia/Dushanbe
  • Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон сафар мекунад

Мудири Маркази дипломатияи пешгиронаи Созмони Милали Муттаҳид дар Осиёи Марказӣ, аз сафари дабири кулли ин созмон ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши сайти Маркази дипломатияи пешгиронаи Созмони Милали Муттаҳид дар Осиёи Марказӣ, Петко Драгонов гуфт, Антониу Гутерреш, дабири кулли ин созмон дар ҷараёни сафари минтақаии хеш дар даҳ рӯзи аввали моҳи июни соли ҷорӣ, аз Тоҷикистон низ дидор хоҳад кард.

Вай, ки дар нишасти хабарӣ ба муносибати даҳумин солгарди таъсиси Маркази дипломатияи пешгиронаи Созмони Милали Муттаҳид дар Осиёи Марказӣ бо хабарнигорон гуфтугӯ мекард, таъкид намуд, ки ба дархости ин ниҳод Антониу Гуттериш, дабири кулли Созмони милали муттаҳид ба манзури ошноии бештар бо минтақаи Осиёи Марказӣ аз 5 кишвари ин минтақа дидор хоҳад кард.

Дидори Антониу Гуттериш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон заминаи кӯмакҳои бештари СММ ба ин 5 ҷумҳуриро фароҳам хоҳад кард.

Ба гуфтаи мудири Маркази дипломатияи пешгиронаи СММ дар Осиёи Марказӣ, ин сохтор ба ибтикори 5 кишвари минтақа Ӯзбакистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон барои ҳамоҳангии муборизаи муштарак бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир, кӯмак ба ҳалли ихтилоф бар сари манобеи обу энержӣ ва муноқишоти марзӣ таъсис шудааст.

Аз дигар меҳварҳои фаъолияти Маркази дипломасии пешгиронаи СММ дар Осиёи Марказӣ кӯмак ба ҳалли буҳрони хушкидаи баҳри Арал ва паёмадҳои зистмуҳитии он мебошад.