Май 17, 2017 10:16 Asia/Dushanbe
  • Муаррифии ширкати ҳавопаймоии чинӣ дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон маросими муаррифии ширкати ҳавопаймоии Чини ҷанубӣ ё “Чайна Сотерн Айрлойн” баргузор шуд.

Ба гузориши сайти Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон, дар ин маросим, ки сафири Чин дар Душанбе ва намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии ду кишвар ҳузур доштанд, дар бораи тавонмандӣ ва зарфиятҳои ширкати ҳавопаймоии “Чайна Сотерн Айрлойн”  ва роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳавоӣ миёни Душанбеву Пекин баҳсу табодули назар шуд.

Ю Бин, сафири Чин дар Тоҷикистон дар ин маросим гуфт, ширкати ҳавопаймоии “Чайна Сотерн Айрлойн”, бузургтарин ширкати ҳавопаймоӣ дар қораи Осиё ва чаҳорумин дар ҷаҳон аст, ки бо доштани 700 ҳавопаймои мусофирбарӣ дар соли 2016 беш аз 115 миллион мусофирро дар кишварҳои мухталифи дунё ҷобаҷо кардааст.

Юсуф Раҳмон, мудири идораи ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон низ дар ин маросим таъкид кард, дар ҳоли ҳозир ин ширкати чинӣ ҳар ҳафта ду парвоз дар масири Урумчи - Душанбе – Урумчи, ду парвоз дар масири Урумчӣ - Хуҷанд – Урумчи анҷом медиҳад.

 Ба гуфтаи вай, ҳамчунин ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик-Эйр” ҳафтае як парвоз дар масири Душанбе – Пекин – Душанбе ва ширкати “Сомон-Эйр” ду парвоз дар ҳафта дар масири Душанбе - Урумчи - Душанбе анҷом медиҳанд ва имкони истифода аз хадамоти ширкати чинии “Чайна Сотерн Айрлойн” барои сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳои мухталифи ҷаҳон вуҷуд дорад.

Бар асоси омори Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, аз соли 2008 дар масири Урумчи – Душанбе 1 ҳазору 600 парвоз анҷом шудааст, ки 220 ҳазор мусофир аз ин парвозҳо истифода кардаанд.

Аз сӯйи дигар, дар масири Урумчи – Хуҷанд то ба ҳол 870 парвоз бо ҷобаҷоии 75 ҳазор мусофир анҷом шудааст.