Муҳокимаи масъули собиқи иттилоот ва фанновариҳои дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳокимаи Қадамҷон Сафизода, масъули собиқи Маркази иттилоот ва фанновариҳои дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро ба иттиҳоми сирқати амвол, фаъолиятҳои ғайриқонунии иқтисодӣ ва ҳамалоти ҳакерӣ оғоз кардааст.
Ба гузориши сайти “Ахбор”, Сафизода ва 5 шарики вай, ки кормандони ширкати телефони ҳамроҳи “Мегафон” ҳастанд, ба иттиҳоми ҳамалоти ҳакерӣ, сирқати амвол ва сӯиистифода аз ихтиёроти давлатӣ аз баҳори соли 2016 то кунун ба муддати 400 рӯз дар боздошт ба сар бурдаанд.
Иттиҳоми ин 6 нафар воридоти таҷҳизоти мухобиротӣ аз Чин ва насби он дар чанд нуқтаи шаҳри Душанбе эълом шудааст.
Ин афрод аз ин тариқ бо вуруд ба шабакаи ширкати телефони ҳамроҳи “Мегафон” тамосҳои хориҷиро ҳамчун тамосҳои дохили кишварӣ сабт карда ва тафовути қимати ин муколимотро ба ҷайб задаанд.
Хадамоти давлатии иртибототи Тоҷикистон бо шикоят аз ин афрод ба додгоҳ, хостори судури аҳкоми шадид барои онон шудааст.
Қадамҷон Сафизода донишомӯхтаи риштаҳои ҳуқуқ ва барномасозии роёнаӣ аз Донишгоҳи давлати миллӣ ва Донишгоҳи фанноварии Тоҷикистон ва дорои дараҷа илмии доктории фанноварӣ аст.
Вай дар соли 2010 дар синни 28 -солагӣ ба симати муовини Хадамоти давлатии иртибототи Тоҷикистон мансуб шуд ва дар соли 2012 мудирияти маркази иттилоот ва фановариҳои дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро бар ӯҳда гирифт.
Бар асоси қавонини ҷиноии Тоҷикистон додгоҳ метавонад ин 6 нафарро то 45 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё ба 10 соли зиндон маҳкум кунад.