Май 31, 2024 19:41 Asia/Dushanbe
  • Доналд Трамп муҷрим шинохта шуд
    Доналд Трамп муҷрим шинохта шуд

Раисиҷумҳури собиқи Амрико дар парвандаи пардохти ҳаққулсукут ба бозигари филмҳои ғайриахлоқӣ, ки бо ӯ робита дошт, муҷрим шинохта шуд.

Ҳайати мунсифаи додгоҳи Ню-Йорк, муташаккил аз 12 нафар рӯзи панҷшанбе Доналд Трамп, раисиҷумҳури собиқи Амрикоро дар парвандаи пардохт ҳаққулсукут ва 34 иттиҳоми марбута муҷрим шинохт.

Ба гузориши Ирна, Элвин Брог, додситони минтақаи Манҳеттен аз ҳайати мунсифаи додгоҳи Ню-Йорк дар судури ҳукм алайҳи Доналд Трамп, раисиҷумҳури собиқи Амрико қадрдонӣ карду гуфт: Ин ҳайати мунсифа ба вазифаи худ амал кардааст.

Ин ҳукм Трампро ба аввалин раисиҷумҳури Амрико мубаддал мекунад, ки муртакиби безе (ҷурм) шудаву муҷрим шинохта мешавад, аммо ӯро барои рақобат барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ манъ намекунад. Зеро қарор аст қозии додгоҳ 11 июл ҳукми муҷозотро эълом кунад ва ҳатто дар сурати ҳукми зиндон то поёни фарҷомхоҳии Трамп аз додгоҳи таҷдиди назар, ҳукм иҷро намешавад.

Майк Ҷонсон, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико ҳукми содиршуда алайҳи Трампро маҳкум кард ва дар паёме ин ҳукмро “барои таърихи Амрико шармовар” хонд.

 

Барчасп