Марги мармузи яке аз мудирони Палатаи ҳисоби Тоҷикистон
Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар паи марги мармузи полковник Кенҷабой Ҷураев, сардори раёсати кадрҳои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ ташкил додаанд.
Ба иттилои сайти Toptj, ҷасади ин сардори раёсати кадрҳои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон пас аз 6 рӯз аз маргаш дар минтақаи Хоҷаобигарм дар ноҳияи Варзоб дар шимоли шаҳри Душанбе пайдо шудааст.
Наздикони ин мақоми Палатаи ҳисоби Тоҷикистон гуфтаанд, ки Ҷураев дар мураххасӣ ва таҳти дармон будааст.
Ба гуфтаи наздикони Ҷураев, 22-и июли гузашта афроде ба хонаи вай омада ва полковник Кенҷабой Ҷураев ба баҳонаи хариди дору бо мошини ин афрод ба ҷои номаълуме рафта ва бознагаштааст.
Полковник Кенҷабой Ҷураеви 40 сола қабл аз интисоб ба унвони сардори раёсати кадрҳои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон, дар Вазорати кишвар ва Ожонсии давлатии мубориза бо фасоди ин ҷумҳурӣ фаъолият мекард.