Май 17, 2017 14:29 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи шашумин ҷашнвораи минтақаии Театри ҷавонон дар Тоҷикистон

Шашумин ҷашнвораи минтақаии Театри ҷавонон бо унвони “Нигоҳи нав” дар театр давлатии Маҳмудҷон Воҳидови шаҳри Душанбе оғоз ба кор кард.

Имсол ҷашнвораи “Нигоҳи нав” ба ифтихори садсолагии ҳунарманди пешкисват ва мардуми Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова баргузор мешавад.

Дар ин ҷашнвора ҳунармандон ва гурӯҳҳои намоишӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Русия, Қирғизистон ва Қазоқистон ба муддати чаҳор рӯз рӯйи саҳна хоҳанд рафт.

Аз Эрон гурӯҳи намоиши ҳунар ва таҷриба театри “Хунмурдагӣ”-ро рӯзи чаҳоршанбе иҷро хоҳад кард.

Маросими поёни ин ҷашнвора бистуми май дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.

 

Барчасп