Нишасти муштараки Вазорати кишвари Тоҷикистон ва Русия дар Сочӣ
Нишасти муштараки Душанбе ва Маскав бо ҳузури вазири кишвари Тоҷикистон ва Русия дар Сочӣ баргузор шуд.
Ба иттилои хабаргузории Форс, дар ин нишаст Рамазон Раҳимзода, вазири кишвари Тоҷикистон ва Владимир Колоколтсев, вазири кишвари Русия масоили марбут ба мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҳамкории байни марокизи иттилоотӣ ва таҳлилии дуҷонибаро баррасӣ карданд .
Вазири кишвари Русия дар ин нишаст аз тақвияти ҳамкории ниҳодҳои интизомии Русияву Тоҷикистон хабар доду гуфт: Ин ҳамоҳангиҳо ҳосили ҷаласоти қаблии вазоратхонаҳои умури дохилии ду кишвар аст .
Вазири кишвари Тоҷикистон низ гуфт: Ин вазоратхона дар мубориза бо ҷурму ҷиноят ҳамкории наздике бо ҳамтоёни худ дар дигар кишварҳо дорад .
Раҳимзода ҳамчунин дар чорчуби ин сафар ба дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо раҳбарони созмонҳои тоҷик дар Сочӣ дидор кард .