Муваззаф шудани аъзои ҳукумати Тоҷикистон барои эъломи дороиҳои худ
(last modified Wed, 17 May 2017 13:33:43 GMT )
Май 17, 2017 18:33 Asia/Dushanbe
  • Муваззаф шудани аъзои ҳукумати Тоҷикистон барои эъломи дороиҳои худ

Минбаъд аъзои ҳукумати Тоҷикистон ҳамасола доир ба даромадҳо, вазъи молу мулки худ ва аъзои оилаашон эъломия пур карда, онро ба мақомоти андози кишвар пешниҳод менамоянд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар робита ба ин 17 май вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи ҳукумати Тоҷикистон” баррасӣ ва қабул карданд.

Инчунин тибқи ин тағйирот, агар аъзои ҳукумат дар эъломия доир ба даромад ва вазъи молу мулкашон маълумоти бардурӯғ навишта ё онро пинҳон доранд, амали онҳо аз ҷониби масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон санҷида шуда, пинҳонкории онҳо ошкор карда мешавад.

Амрихудо Дамдоров, вакили Маҷлиси намояндагон ҳангоми тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионии кишвар  “Дар бораи ҳукумати Тоҷикистон” баланд бардоштани масъулияти аъзои ҳукумат мебошад.

Ҳамзамон тибқи ин тағйирот, аз ин ба баъд аъзои ҳукумати Тоҷикистон ҳангоми вайрон кардани савганд ба президент ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешаванд.