Май 17, 2017 19:23 Asia/Dushanbe

Имрӯз дар Душанбе президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Раёсати амнияти миллии Афғонистон Муҳаммад Маъсум Станикзай дидор намуд.

Ба гузориши хабарнигори радиои тоҷикии Садои Хуросон аз Душанбе, дар оғози суҳбат таъкид карда шуд, ки ҳамсоягиву дӯстии бардавом маҳаки муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Афғонистонро ташкил дода, ҳамкории гуногунҷанба бо Афғонистон дар феҳристи авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дорад.

Ҷонибҳо ҷанбаҳои муҳими рӯзмарраи муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла тақвияти муборизаи муштарак ва беамон бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҳамдастии босамар дар самти таҳкими низоми ҳифзи марзҳои байнидавлатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар мулоқот доир ба тарҳрезии иқдомоти ҷиддӣ ва муассир барои таҳкими ҳамкории наздисарҳадӣ, тақвияти иқтидори неруҳои марзбонӣ, ҳамоҳангии бештари неруҳои сарҳадӣ ба хотири таъмини амнияти миллии ҳамсоякишварҳо, таҳкими робитаю ҳамкории ниҳодҳои амниятӣ дар марҳалаи мураккаби афзоиши хатари терроризму экстремизми байналмилалӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор дар минтақа ва ҷаҳон табодули судманди афкор анҷом дода шуд.

Ҷузъиёти бештари ин хабар дар гузориши савтии ҳамкорамон Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ мавҷуд аст, ки мешунавед: