Май 18, 2017 08:56 Asia/Dushanbe

Пас аз ҳалли ихтилофи парвозӣ миёни Русия ва Тоҷикистон акнун ширкати ҳавоии “Ямал” фурӯши билет барои парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат ба Душанбе ва Хуҷандро оғоз кард.

Ба гузориши ба гузориши хабарнигори радио тоҷикии Садои Хуросон, Иля Лебедев, мудири тиҷории ширкати ҳавоии “Ямал” аз оғози фурӯши билет барои парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат ба Душанбе ва Хуҷанд аз фурӯдгоҳи Жуковский дар атрофи Маскав аз имрӯз, 18-уми май хабар дод.

Вай гуфтааст, ки ҳавопаймоҳои ширкати ҳавоии “Ямал” -и Русия ҳар ҳафта 3 парвоз ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд анҷом хоҳад дод, ки ин амр дар пайи тавофуқ бо Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон дар музокирот миёни ин ду кишвар дар моҳи апрел дар Маскав имконпазир шудааст.

Ихтилоф бар сари ҷадвал ва теъдоди парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни Тоҷикистон ва Русия дар авохири моҳи декабри соли гузаштаи 2016 буруз кард, ки пас 4 моҳ бо тавофуқи тарафҳо ба поён расид.

Даври тозае аз ихтилоф бар сари ҷадвали парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни Русия ва Тоҷикистон замоне оғоз шуд, ки Вазорати ҳамлу нақли Русия ба баҳонаи амал накардани Тоҷикистон ба тааҳҳудоташ дар заминаи судури муҷаввиз барои 7 парвози ширкати ҳавоии “Ямал” ба Душанбе ва Хуҷанд, аз рӯзи 3-юми апрел парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон-Эйр” -ро мамнуъ кард, ки барои ҳалли ин мушкил ҷонибҳо пас аз 4 моҳ ба тавофуқ расиданд.

Ба гуфтаи мақомоти идораи ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон, 63 дарсад аз парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон дар инҳисори ширкатҳои ҳавопаймоии ҷониби Русия қарор дорад.

Аксари коршиносон муътақиданд, ки боло гирифтан таниш миёни Маскав ва Душанбе бар сари ҷадвали парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ сирфан ангезаи иқтисодӣ дорад ва манофеи молии ширкатҳои ҳавоӣ муҷиби эҷоди 2 мавриди буҳрон байни Маскав ва Душанбе дар соли 2016 шуд.

Ҷузъиёти бештари ин мазӯро дар гузориши ҳамкорамон Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ бишнавед: