Май 18, 2017 10:33 Asia/Dushanbe
  • Дархости Тоҷикистон аз Афғонистон барои истирдоди хонаводаи террористҳои кушташудаи тоҷик

Давлати Тоҷикистон аз мақомоти Афғонистон хост, занону фарзандони террористҳои кушташудам мн кишварро аз зиндони Кобул ба Душанбе мунтақил кунанд.

Ба гузориши “СА –нюз”, манобеи амниятӣ дар Тоҷикистон гуфтаанд, бастагони ин хониводаҳо дархост кардаанд занону кӯдакони зиндонии террористҳои кушташудаи н кишвар дар Афғонистон, аз зиндони Кобул ба Тоҷикистон мунтақил шаванд.

Кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Кобул бо таъйиди ин мавзӯъ эълом кардаанд, дар ҳоли музокира бо мақомоти афғонистонӣ барои бозгардондани ин афрод ба кишварашон ҳастанд. Зеро бастагони ин хонаводаҳо дар Тоҷикистон аз шароити нигаҳдории онон дар зиндони Кобул нигаронанд.

Дар Тоҷикистон алайҳи шавҳарони кушташудаи ин занон ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои террористӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил шуда аст, аммо дар қиболи занони онон ҳеч навъ пайгарди қазоӣ вуҷуд надорад.

Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти амниятии Афғонистон гуфтаанд, занони террористҳои кушташудаи тоҷикистонӣ дар ин кишвар муттаҳам ба узвият дар гурӯҳҳои террористии ДИИШ ва Толибон ҳастанд.

Мақомоти тоҷик теъдоди ин занонро 7 нафар ба ҳамроҳи чанд кӯдаки камсинну сол унвон кардаанд.

 Ба гуфтаи мақомоти афғонистонӣ, кормандони созмони Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ бо ин 7 зани тоҷик барои бозгардондани онон ба Тоҷикистон музокира кардаанд, аммо ин афрод бо интиқол ба кишварашон мухолиф ҳастанд.

Ҷониби Тоҷикистон ин дархостро бар асоси созшномаи дуҷониба бо Афғонистон дар мавриди истирдоди зиндониён, ки дар соли 2010 миёни мақомоти ду кишвар ба имзо расида буд, ба давлати Кобул ирсол кардааст.

Гуфта мешавад, шавҳарони ин занон дар соли 2016 дар даргирии гурӯҳҳои террористӣ бо нерӯҳои давлатии Афғонистон кушта шудаанд.