Май 18, 2017 13:53 Asia/Dushanbe
  • 32 ҳазору 600 сомонӣ – маблағи ҳаҷҷи имсол барои ҳоҷиёни тоҷик

Кумитаи умури дини Тоҷикистон ҳазинаи ҳаҷҷи соли 2017-ро барои ҳоҷиёни тоҷик таъйин кард.

Ба гузориши хабаргузории “Озодагон”, Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи умури дини Тоҷикистон гуфтааст, арзиши хидматрасониҳо дар мавсими ҳаҷҷи 2017 дар тавофуқ бо Хадамоти зиддиинҳисории ин кишвар 32 ҳазору 671 сомониву 89 дирамро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи вай, ин маблағ барои пардохти ҳазинаи билети рафту баргашти ҳавопаймо, иқомат дар меҳмонхонаҳои Маккаи мукаррама дар фосила то як километрии Масҷид-ул-ҳаром, иқомат дар меҳмонхонаҳои марказии Мадинаи мунаввара, пазироӣ аз ҳоҷиён бо се ваъдаи ғизо дар Маккаву Мадина ва дар мавзеъҳои Мино, Арафот ва Муздалифа, таъмини роҳбаладону сарпарастони ботаҷриба ва забондон барои ҳар гурӯҳ дар тӯли сафари ҳаҷ, иқомат дар Мино дар хаймаҳои муҷаҳҳаз, анҷоми қурбонии ҳоҷиён, таъмини васоили нақлия барои ҳоҷиён дар масирҳои Ҷадда-Макка-Мино-Арафот-Муздалифа-Мино-Макка- Мадина, пардохти маблағи ширкатҳои хидматрасон дар Арабистони Саудӣ, расондани кӯмакҳои аввалияи пизишкӣ ба ҳоҷиён ва дигар ҳазинаҳои ҷонибӣ дар назар дошта шудааст.

Афшини Муқим афзуд, бо тавваҷуҳ ба боло рафтани арзиши доллар дар Тоҷикистон ва 52 доллар афзоиш ёфтани қимати молиёти ҳаҷ дар Арабистон, ҳазинаи ҳаҷҷи имсола барои зоирони тоҷик тағйири чандоне надоштааст.

Соли 2015 ҳазинаи ҳаҷ барои зоирони тоҷик 22 ҳазору 906 сомониву 98 дирам ва соли 2016 маблағи 28 ҳазору 649 сомониву 10 дирам буд.

 

Барчасп