Май 18, 2017 19:19 Asia/Dushanbe
  • Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ: Масрафи машруботи спиртӣ дар Тоҷикистон коҳиши чашмгир ёфтааст

Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ дар гузорише, аз коҳиши чашмгири масрафи машруботи спиртӣ дар Тоҷикистон, тайи солҳои ахир хабар дод.

Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ дар гузориши ҷадиди худ дар мавриди вазъияти саломати умумӣ дар кишварҳои ҷаҳон эълом кард, истеъмоли машруботи спиртӣ дар Тоҷикистон, дар муқоиса бо дигар кишварҳои узви Шӯравии собиқ коҳиш пайдо кардааст.

Дар ин гузориш омадааст, дар соли 2016 дар Тоҷикистон миёнгини истеъмоли машруботи спиртӣ барои шаҳрвандони мубтало ба ин модаи спиртӣ 2.9 литр дар сол будааст.

Ин дар ҳоле аст, ки ин мизон дар Узбакистон барои ин афрод дар ҳудуд 5.1 литр, дар Туркманистон ва Қирғизистон 5.5 литр ва дар Қазоқистон 8.7 литр будааст.

Бар асоси ин гузориш, дар Украина ва Эстония, солона ба таври миёнгин 12.8 литр ва дар Русия 13.9 литр машруботи спиртӣ истеъмол мешавад.

Дар Молдова мутавассити истеъмоли машруботи спиртӣ барои шаҳрвандони муътод ба ин мода, 15.9 литр, дар Беларус 16 литр ва дар Литва, ки қаблан ҷузъи кишварҳои Шӯравии собиқ ва дар ҳоли ҳозири ҷузъи кишварҳои аврупоӣ аст, 16 литр бароварда шудааст.

Мутавассити истеъмоли машруботи спиртӣ дар Озарбойҷон 4 литр дар Арманистон 5.1 литар ва дар Гурҷистон 8.1 литр унвон шудааст.

Бар асоси гузориши Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, дар воқеъ дар солҳои ахир дар Тоҷикистон истеъмоли машруботи спиртӣ дар байн сокинони он, шадидан рӯ ба коҳиш аст. Бархе рушди Ислом дар ин кишварро бо коҳиши машруботи спиртӣ муртабит медонанд.

Бар асоси омори Тоҷикистон, дар соли 2015 дар ин кишвар 300 тон маҳсулоти спиртӣ тавлид шудааст, ки дар муқоиса бо муддати мушобеҳи як сол қабл, 40 дарсад камтар аст.

Ин дар ҳоле аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба омори соли 2010, дар як сол мутавассити масрафи фардии маводи спиртӣ дар Тоҷикистон, 31.1 литр будааст, ки дар байни кишварҳои пасошӯравӣ аз ҳама болотар будааст.