Набуди мусофир дар парвози Душанбе-Тошканд
(last modified Sat, 20 May 2017 03:42:01 GMT )
Май 20, 2017 08:42 Asia/Dushanbe
  • Набуди мусофир дар парвози Душанбе-Тошканд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иллати парвоз накардани ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон-Эйр" дар масири Душанбе-Тошкандро набуди теъдоди кофии мусофирон ном бурдааст.

Ба гузориши "СА-нюз", мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтаанд, ки парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ дар масири Душанбе-Тошканд бо истиқбол рӯбарӯ нашудааст, аз ин рӯ дар анҷоми ин парвоз худдорӣ мешавад.

Ҳавопаймои ширкати Хутути Ҳавопаймоии Узбакистон низ як моҳ қабл нахустин парвози худро дар 25 соли ахир аз Тошканд ба Душанбе анҷом дод, аммо акнун парвозҳо мунтазири мусофир мондаанд.

Мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, ки иқдоми муҳим дар ин маврид оғози парвозҳо дар масири Душанбе-Тошканд пас аз 25 соли қатъи иртиботи ҳавоӣ миёни ду кишвар буд, аз ин рӯ ба маҳзи афзоиши теъдоди мусофирон дар ин масир ширкатҳои ҳавоии ду кишвар ин парвозро барқарор хоҳанд кард.

Мақомоти ширкати ҳавоии "Сомон-Эйр" дар ҳоле камбуди мусофир дар парвози Душанбе-Тошканд ва аз нигоҳи иқтисодӣ басарфа набудани ин масирро далели анҷом нашудани ин парвоз унвон мекунад, ки аз нигоҳи коршиносон боло будани қимати билет дар коҳиши истиқболи мусофирони ин масир муассир аст.

Қимати билети яктарафа дар масири Душанбе-Тошканд бо замони 45 дақиқа 140 доллар таъйин шудааст.