Май 21, 2017 09:32 Asia/Dushanbe
  • Боздошти Иззат Амон дар Маскав

Мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия аз боздошти хеш дар ин кишвар ба дасти пулиси Маскав хабар дод.

Иззат Амон, ин мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия дар сафҳаи фейсбукаш навиштааст, ки рӯзи 20 май бо теъдоде аз коргарони муҳоҷири талабкори тоҷик барои гирифтани ҳуқуқи онон ба ширкати сохтмонии “Элит ру” рафтааст, ки мақомоти ин ширкат ба пулис занг зада ва иддао кардаанд, ки гурӯҳе алайҳи онон даст ба таҷаммуи ғайри муҷоз задаанд.

Пулис низ Иззат Амон ва чанд коргари талабкори тоҷикро ба баҳонаи баргузории таҷаммуи ғайримуҷоз боздошт карда ва дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққат нигаҳ медорад. Иззат Амон таъкид кардааст, ки ин коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ шаш моҳ аст, ки наметавонанд аз ширкати сохтмонии “Элит ру” дастмузди худро дарёфт намоянд.

Ба гуфтаи Иззат Амон, дар ибтидо кормандони пулис бо озодии ӯ мувофиқат кардаанд, аммо ба дастури Василев Павел Генадевич, раиси пулиси минтақаи Якименкаи Маскав дастури боздошти муваққатии вай то рӯзи душанбе 22 майи имсол содир шудааст.

Ба далели таътилии рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар Русия, ба эҳтимоли зиёд ин мавзуъ рӯзи душанбе 22 майи имсол баррасӣ хоҳад шуд.

Иззат Амон мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия, аз бетаваҷҷуҳии давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла давлати Душанбе ба сарнавишти коргарони муҳоҷир дар ин кишвар ба шиддат интиқод мекунад.