Июл 16, 2016 13:35 Asia/Dushanbe

Муовини собиқи нахуствазири Тоҷикистон ва устоди Донишгоҳи муштараки Русияву Тоҷикистон мухолифати Узбакистонро нисбат ба сохта шудани НБО "Роғун" беаҳамият донист.

Ба иттилои СА "News", Георгий Кошлаков дар посух ба иддаои Бахтиёр Эргашев, коршиноси Маркази пажуҳишҳои иқтисодии Узбакистон, ки ҳимояти Русияро аз мавзеи Тошканд дар қиболи идомаи бунёди НБО "Роғун" хостор шуда буд, гуфт, агар ин коршиносм узбакистонӣ бо 75 ҷилд санаду мадраки ба тозагӣ таҳияшуда дар бораи паёмадҳои зистмуҳитӣ ва мушаххасоти фаннии НБО "Роғун" ошно мешуд, ҳеҷ гоҳ ба ин тарҳ мухолифат намекард. Ӯ таъкид кард, пур шудани обанбори 350-метрии нерӯгоҳи "Роғун" 17 сол давом хоҳад кард ва Узбакистон бидуни камтарин мушкил оби мавриди ниёзи худро аз Тоҷикистон дарёфт хоҳад кард. Кошлаков афзуд, саҳми кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ аз дарёи Вахш солҳои қабл мушаххас шуда, Узбакистон низ бар асоси ин барнома ҳаҷми оби мавриди ниёзи бахши кишоварзияшро дарёфт мекунад ва ин мавзӯъ иртиботе бо сохтмони неругоҳи барқи обии "Роғун" надорад, зеро натоиҷи ташхиси ду ҳайати мустақил аз ширкатҳои хориҷӣ ва Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи мушаххасоти фаннӣ ва паёмадҳои зистмуҳитии неругоҳи "Роғун" дар соли 2014 нишон дод, ки такмили ин тарҳи муҳими энержии Тоҷикистон ҳеҷ мушкиле барои таъмини оби мавриди ниёз Узбакистону Туркманистон надорад.

Ҳукумати Тоҷикистон, ахиран, бо вуҷуди мухолифатҳои Узбакистон ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" такмили ин тарҳи муҳими энержии худро ба ширкати итолиёии "Salini Impregilo" вогузор кард, ки ин ширкат мутааҳҳид шудааст, ду трубинаи нахустини ин неругоҳро дар соли 2018 роҳандозӣ кунад.