Гиромидошти ҳафтоду шашумин зодрӯзи Лоиқ Шералӣ дар Душанбе+тасовир
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i17528-Гиромидошти_ҳафтоду_шашумин_зодрӯзи_Лоиқ_Шералӣ_дар_Душанбе_тасовир
Ҳафтоду шашумин солрӯзи таваллуди шоири муосири Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ бар сари мазораш дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе бо ҳузури сафири Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 21, 2017 12:05 Asia/Dushanbe

Ҳафтоду шашумин солрӯзи таваллуди шоири муосири Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ бар сари мазораш дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе бо ҳузури сафири Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин маросим рӯзи якшанбе бо ҳузури Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ, сафири ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон ва ҷамъе аз шахсиятҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии ин кишвар баргузор шуд

Лоиқ Шералӣ 20 май 1941 дар рустои Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакенти Тоҷикистон чашм ба ҷаҳон гушуд .

Вай рӯзи 30 июни 2000 бар асари сактаи мағзӣ даргузашт ва дар оромгоҳи Лучоб дар шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд .

Нахустин маҷмуаи ашъори Лоиқ Шералӣ ба номи “Сари сабз” дар соли 1966 интишор ёфт ва маҷмуаҳои “Хонаи чашм”, “Хонаи дил, “Резаборон”, “Варақи санг” аз ҷумлаи пурхонандатарин китобҳои ӯ буданд .

Ҳунару истеъдоди Лоиқ ба офариниши шеър маҳдуд намешуд ва ӯ дар тарҷумаи ашъоре аз шоирони хориҷӣ ба забони форсӣ низ саҳм дошт .

Ашъори Лоиқ Шералӣ низ ба забонҳои дигар тарҷума шудаанд .

Лоиқ дар соли 1978 барои маҷмуаи ашъори “Хоки ватан” барандаи ҷоизаи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шуд.