Май 21, 2017 18:39 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди додситонҳои кулли Тоҷикистон ва Қирғизистон бар ташдиди мубориза бо терроризм

Додситонҳои кулли Тоҷикистону Қирғизистон дар нахустин нишасти муштарак бар ташдиди мубориза бо терроризм таъкид карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Юсуфи Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ва Индира Ҷолдубаева, додситони кулли Қирғизистон субҳи имрӯз дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд дар чорчуби нахустин Нишасти ҳайъати муштараки додситонҳои кулли 2 кишвар дидор карданд .

Дар Нишасти ҳайъати муштараки додситонҳои кулли 2 кишвар масоили марбут ба мавзуоти рӯзи ҳамкориҳои ҳуқуқии байни Тоҷикистону Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор гирифт .

Ҳамчунин дар ин нишаст, ҳамкориҳои дуҷониба дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, ҷароими фаромиллӣ, қочоқи коло ва маводи мухаддир ва ҷилавгирӣ аз ихтилофоти марзӣ баррасӣ шуд .

Дар ин дидор, густариши ҳамкориҳо байни додситонҳои кулли 2 кишвар ва дигар созмонҳои амниятӣ дар заминаи ироаи кумаки ҳуқуқӣ барои парвандаҳои маданӣ, хонаводагӣ ва кайфарӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд .