Май 21, 2017 20:47 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Тоҷикистон бар густариши равобити дуҷониба бо Эрон

Муовини аввали Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон бар густариши равобити дуҷониба бо Эрон таъкид кард.

Сайфуллоҳ Сафаров дар суханоне зимни таъкид бар густариши равобит бо Эрон гуфт, давлати Тоҷикистон барномаҳои зиёде барои ҳамкорӣ бо Теҳрон дорад .

Сайфуллоҳ Сафаров бо ишора ба даври дуввуми раёсатҷумҳурии Ҳасани Рӯҳонӣ дар Эрон гуфт, давлати Тоҷикистон дар интизори тақвияти равобит бо Эрон дар даври дуввуми раёсатҷумҳурии Рӯҳонӣ аст.

Муовини аввали Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамчунин таъкид кард, Тоҷикистон бо Эрон бародар аст ва дар ҳеч маврид нисбат ба бародари худ беэҳтиромӣ нахоҳад кард .

Дар ҳамин чорчуб, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ дирӯз пирӯзии Ҳасани Рӯҳониро дар давоздаҳумин интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон табрик гуфт ва густариши равобити дуҷониба аз ҷумла иқтисодӣ ва сиёсиро бо Эрон хостор шуд .

 

Барчасп