Май 22, 2017 08:53 Asia/Dushanbe
  • Натиҷаи як назарсанҷӣ: Беэътимодии тоҷикон ба бонкҳои ин кишвар

Анҷоми як назарсанҷӣ аз сӯи Бонки миллии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мардуми ин кишвар ба фаъолияти шабакаи бонкии ин ҷумҳурӣ эътимод надоранд.

Ба гузориши сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон, теъдоди зиёде аз посухдиҳандагон ба пурсиши ин сомона дар мавриди маҳалли нигаҳдории манобеи молиашон гуфтаанд, ки беҳтар аст пулҳои худро дар хона ва дар зери болиштҳояшон ҳифз кунанд.

Бар асоси ин назарсанҷӣ, 20 дарсад аз афроди ширкаткунанда дар ин барнома тарҷеҳ додаанд, ки пулҳои худро дар хонаҳояшон нигаҳдорӣ кунанд ва ин равишро танҳо роҳи мутмаини ҳифозат аз сармояи худ медонанд.

Танҳо 14 дарсад таъкид кардаанд, ки пасандози молиашонро дар бонкҳо ва марокизи молӣ ва эътиборӣ ба амонат гузоштаанд.

Аммо 53 дарсад гуфтаанд, ки маблағи молии изофӣ барои нигаҳдорӣ дар бонкҳо надоранд ва ҳамаро харҷи зиндагӣ мекунанд.

Коршиносон далели беэътимодии мардум ба бонкҳо дар Тоҷикистонро боз пас надодани пасандозҳои молии шаҳрвандони ин кишвар унвон мекунанд, ки ба эътибори марокизи молии ин ҷумҳурӣ латма задааст.

Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ, давлати Тоҷикистон бо ду бор таъвизи воҳиди пули миллӣ, тайи 20 соли ахир натавонист, муодили маблағҳои амонат гузоштаи шаҳрвандони ин кишвар дар бонкҳоро ба онон бозгардонд, ки ин амр мӯҷиб шуд, зиёнҳои молии миллионӣ ба мардум ворид шавад.

Имрӯз низ муштарёни ду бонки варшикастаи ин кишвар яъне “Фононбонк” ва “Агроинвестбонк” наметавонанд бо гузашти 5 моҳ аз мамнуъияти фаъолияти ин ду бонк, пулҳояшонро пас бигиранд. Аз ин рӯ, мардуми Тоҷикистон нигаҳдории сармояи молии худ, дар хонаҳоро нисбат ба амонат гузоштан дар бонкҳо ва марокизи молӣ ва эътибории давлатӣ тарҷеҳ медиҳанд.