Май 22, 2017 09:31 Asia/Dushanbe
  • Боздошти гумонбарони ҳамла ба ду афсари амният ва пулис дар Кулоб

Мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Кулоб аз боздошти 4 фарди гумонбар дар ду ҳодисаи ҳамла ба кормандони амният ва пулиси ин шаҳр хабар доданд.

Ба гузориши сойти Топ Тҷ, манобеи идораи пулиси шаҳри Кулоб гуфтаанд, ки 3 нафар аз ин афрод ба иттиҳоми ҳамла ба як афсари нерӯи амниятӣ ва 1 нафари дигар ба иттиҳоми латукуби як афсари зани пулис боздошт шудаанд.

Ин манобеъ эълом кардаанд, ки ин 4 нафар сокинони шаҳри Кулоб ҳастанд ва ба иттиҳоми ҳамла ба ин 2 афсар, таҳти бозҷӯӣ қарор доранд.

Манобеи пулиси шаҳри Кулоб дар посух ба ин савол, ки оё иртиботе миёни ин ду ҳодисаи мушобеҳ вуҷуд дорад ё хайр гуфтаанд, ки ин фарзия танҳо пас аз поён таҳқиқи ин мавзӯъ равшан хоҳад шуд.

Дар ҳодисаи ҳамла ба як афсари Кумитаи амнияти шаҳри Кулоб дар шаби 14 майи соили ҷорӣ, муҳоҷимон бо корд 24 зарба ба ин фард ворид карданд. Гуфта мешавад, ҳоли ин афсаре, ки барои идомаи дармон ба бемористоне дар шаҳри Душанбе мунтақил шуда вахим аст.

Дар ҳодисаи дуввум, ки дар шаҳри Кулоб шабона иттифоқ афтод, афроде ба хонум Марям Шарифзода- афсари 24 солаи идораи пулиси ин шаҳр дар наздикии манзили маскуниаш, ҳамлавар шуда ва ӯро ба шиддат мавриди лату куб қарор додаанд.

Дар пайи ин ду маврид ҳамла ба афсарони идороти амният ва пулиси шаҳри Кулоб, гурӯҳе аз бозрасони бо таҷруба, ки шомили кормандони ниҳодҳои қазоӣ, амниятӣ ва интизомӣ мешаванд, таҳқиқи ин моҷароро оғоз карданд.

Шаҳри Кулоб пас аз Қурғонтеппа дуввумин шаҳри бузурги вилояти Хатлон мебошад, ки дар 200 километрии ҷанубу шарқи Душанбе воқеъ шуда ва дорои 120 ҳазор ҷамъият аст.