27 май оғози моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон эълом кард, ки моҳи шарифи Рамазон дар ин кишвар рӯзи 27 майи соли ҷорӣ оғоз мешавад.
Ба гузориши радиои тоҷикӣ, дар ҷаласаи раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки рӯзи 22 май дар Душанбе баргузор шуд, масоили шуруи моҳи шарифи Рамазон, нисоби закот дар соли 2017, миқдори садақаи фитр ва фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ дар моҳи шарифи Рамазон, тартиби анҷоми хатми Қуръон дар масоҷид ва тақвими моҳи Рамазон баррасӣ шуд.
Тибқи қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, бар асоси ҳисоби шаръӣ аз рӯи қиммати тилло дар бозори маҳаллӣ нисоби закот дар соли 2017, 22 ҳазору 950 сомонӣ муқаррар карда шуд, ки аз он 575 сомонӣ закот дода мешавад.
Инчунин раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон садақаи фитрро тибқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 48 сомонӣ барои ашхосе, ки имконоти молии бештар доранд, таъин кардааст.
Дар баробари ин фидяи савм дар моҳи Рамазони соли 2017 барои соҳибони узри шаръӣ ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шудааст, ки барои як рӯз 10 сомониро ташкил медиҳад.
Тибқи тақвими тайиднамудаи Маркази исломии Тоҷикистон Рамазони соли ҷорӣ 30 рӯз хоҳад буд.
Тафсилоти бештарро дар гузориши ҳамкорамон Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ бишнавед: