Ройзаниҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Австралия
(last modified Tue, 23 May 2017 13:22:07 GMT )
Май 23, 2017 18:22 Asia/Dushanbe
  • Ройзаниҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Австралия

Ройзаниҳои дуҷонибаи сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австралия дар Вазорати умури хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон эълом кард, Низомиддин Зоҳидӣ, муовини аввали вазири умури хориҷии ин кишвар ва Ҷеймз Ҳол, дастёри вазири умури хориҷӣ ва тиҷорати Австралия дар ин ройзаниҳо авлавиятҳои равобити дуҷонибаи ҳамкориҳои минтақаӣ ва башардӯстона, вазъияти Афғонистон ва мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ карданд.

Дар ҳошияи ин ройзаниҳо ду тараф дар бораи таҳкими ҳамкориҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ низ баҳсу табодули назар карданд.