Май 25, 2017 09:33 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистониҳо бештарин мутақозиёни тобеияти Русия

Муовини Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гуфт, атбои Тоҷикистон дар се соли ахир бештарин дархостро барои касби тобеияти Русия ироа додаанд.

Ба гузориши “Спутник”, Константин Затулин таъкид кардааст, ки дар пайи дастури Владимир Путин дар бораи осонсозии касби тобеияти Русия барои атбои кишварҳои қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз дигар шаҳрвандони ин кишварҳо аз ин барномаи баҳра бурдаанд.

Муовини Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури ИДМ гуфтааст, ки дар солҳои 2014 то 2017 беш аз се ҳазору 500 нафар аз атбои кишварҳои ИДМ аз қонуни осонсозии касби тобеияти Русия истифода кардаанд, ки 63 дарсади онон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Затулин иллати истиқболи шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин тарҳро вуҷуди қонуни дутобеиятӣ миёни Маскаву Душанбе медонад, ки ба тоҷикон дар муқоиса бо сойири ҷумҳуриҳои узви ИДМ имтиёзи бештаре эъто мекунад.

Тоҷикистон танҳо кишвар дар қаламрави ИДМ аст, ки бо Русия тавофуқи муштараки душаҳрвандӣ дорад.

Бар асоси ин тавофуқ, шаҳрвандони Тоҷикистон бар хилофи атбои дигар кишварҳои ИДМ метавонанд ҳамзамон бо дарёфти тобеияти русӣ, шиносномаи миллии худро низ ҳифз кунанд.

Владислав Маркевич, муовини дафтари намояндагии Вазорати дохилаи Русия дар Тоҷикистон авоили имсол аз дарёфти тақозои 14 ҳазор шаҳрванди ин ҷумҳурӣ барои иқомат дар Русия хабар дода буд.

Ба гуфтаи ин мақоми рус, теъдоди ин афрод дар соли 2014, 10 ҳазор нафар буд, ки дар соли 2015 ба 13 ҳазор ва дар соли 2016 ба 14 ҳазор нафар расид.

 

Барчасп