Май 25, 2017 18:33 Asia/Dushanbe

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар даст додан аз ҳамтои амрикоии худ, ки маъруф ба даст доданҳои тӯлонӣ аст, даст боло шуд!

Ба гузориши манобеи арабӣ, дар нишасти Риёз, ки бо ҳузури Доналд Трамп раисиҷумҳури Амрико ва сарони бархе кишварҳои исломӣ баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми даст додан бо ҳамтои амрикоии худ, дасти ӯро ба шиддат кашид ва ҳудуди ҳафт сония нигаҳ дошт.

Ин навъи даст додани Эмомалӣ Раҳмон, мавриди таваҷҷуҳи расонаҳо қарор гирифт ва як рӯзнома низ онро ба “мусобиқаи танобкашӣ” миёни Трамп ва Эмомалӣ Раҳмон ташбеҳ кард!

Ин дар ҳоле аст, ки Трамп худ, ба даст доданҳои тӯлонӣ ва кашидану такон додани дасти тарафи муқобил машҳур аст, ба гунае, ки нозирон онро навъе "намоиши қудрат" таъбир кардаанд.

Дар видеои мунташир шуда аз даст доданҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон, мушаххас мешавад, ки ӯ дар дидор бо дигар сарон ҳам ин навъ даст доданро такрор кардааст.