“Азия плюс”: Тилои фасодкорон куҷо ғайб зад?
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i17780-Азия_плюс_Тилои_фасодкорон_куҷо_ғайб_зад
Ширкати раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти ахири Риёз, гардиши нав дар қазияи пурсарусадои боздошти маъмурони Ожонси зидди фасод, таҷлил аз Рӯзи ҷавонон дар Душанбе  ва  мавзуоти дигари  ҳаёти сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон дар меҳвари таваҷҷуҳи нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе қарор гирифтаааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 26, 2017 15:04 Asia/Dushanbe
  • “Азия плюс”: Тилои фасодкорон куҷо ғайб зад?

Ширкати раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти ахири Риёз, гардиши нав дар қазияи пурсарусадои боздошти маъмурони Ожонси зидди фасод, таҷлил аз Рӯзи ҷавонон дар Душанбе  ва  мавзуоти дигари  ҳаёти сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон дар меҳвари таваҷҷуҳи нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе қарор гирифтаааст.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар саҳфаи аввали хеш акси бузурге аз раисҷумҳурҳои Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистон дар ҳоли ханда ва дастфишории Эмомалӣ Раҳмон бо Доналд Трампро чоп карда, бо ҳарфҳои бузург навишт: “Хандаи се президент ва дастфишории рустамона”. Муалллиф менависад, лаҳзаи дастфишории Эмомалӣ Раҳмон ва Доналд Трамп  руасои ҷумҳурии Тоҷикистону Амрико дар Риёз интернетро ба ларза даровард. Нашрия дар ин замина меафзояд, аксарият  менависанд, ки биохира нафаре ёфт шуд, ки тавонист дар дастфишорӣ бар Трамп дастболо шавад. Инчунин ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар мавриди нишасти Риёз матлаби дигаре таҳти унвони “Трамп дар ҷаҳони Ислом” чоп карда,  натоиҷи нахустин  нишасти кишварҳои исломию мусалмонӣ ва Амрикоро баррасӣ кардааст. Аммо акси интихобкардаи муаллиф барои ин матлаб ҷолиб аст,  дар ин акс  лаҳзаи дасфишории Шоҳи Саудӣ бо Миланя Трамп, ҳамсари расиҷумҳури Амрико дида мешавад.  Дар зери акс навишта шудааст, ки Шоҳи Арабистони Саудӣ бо ҳамсари Трамп бо даст салом мекунад, ки расонаҳо онро хилофи шариати исломӣ арзёбӣ мекунанд.

Нашрияи “Азия Плюс”, ҳафтаномаи русизабони чопи Душанбе ба изҳороти ахири раҳбарияти Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон таваҷҷуҳ карда, дар ин замина матлабе таҳти унвони “Тилои фасодкорон куҷо ғайб зад?” мунташир кардааст. Нашрия менависад, ки ахиран, Сулаймон Султонзода, раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар як посухи катбӣ сарусадо дар мавриди кашфи маблағҳои ҳангуфт аз манзили маъмурони боздоштшударо рад кардааст. Дар посухи вай гуфта мешавад, ки иттилои дар расонаҳо нашршуда дар мавриди  кашфи   35 млн. доллар  аз хонаи модари Д. Хайрзода, 1 миллиону 300 ҳазор доллар ва 6 кило тило аз манзили Холмуродзода, халтаҳои пур аз пул, тило ва сангҳои қиматбаҳо аз хонаи зеризаминии  Ниёзбадалов асоси воқеӣ надоранд. Ҳамчунин дар ин посух сохтакорӣ будани натиҷаи ташхиси озмоишгоҳи "Био Папа”-и шаҳри Москва дар парвандаи ҷиноӣ нисбати Зайд Саидов, соҳибкорӣ зиндонии тоҷик  низ рад шудааст. Муаллифи матлаб бо чунин ранг гирифтани қазия тахмин задааст, ки  эҳтимол кор  аз барномаи пешбинишуда берун шудааст ва ё иттиҳомот аллайҳи боздоштшудагон собит нашудаанд.  Ва  ё пушти парда дар мавриди кадом масъалае музокирот идома дорад. Дар ин матлаб муаллиф таъкид мекунад, ки бо назардошти хомушии мақомот атрофи ин қазия ба эҳтимоли зиёд мурофиаи додгоҳии муттаҳамон  низ пушти дарҳои баста сурат хоҳад гирифт.

Дар матлаби дигаре таҳти унвони “То ба гӯш ғарқи қарз”, нашрияи “Азия плюс” аз афзоиши бидеҳиҳои хориҷии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст. Нашрия менависад, ки қарзи хориҷии Тоҷикистон ба моҳи январи соли 2017  2 миллиарду 274,1 миллион долларро ташкил дод, ки нисбати соли гузашта наздики 80 миллон доллар афзоиш ёфтааст. Дар таносуб нисбат ба тавлидоти нохолиси дохилӣ бошад, аз 27.9 дарсад то 32.7 дарсад зиёд шудааст. Дар ин матлаб таъкид мешавад, ки аз ин маблағ наздики   2 миллиарду 100 миллион доллари он  қарзи бевоситаи Ҳукумати Тоҷикистон аст. Қарзи Бонки миллии Тоҷикистон 121 миллион долларро ташкил медиҳад, ки  108 миллион доллари он қарзи  Сандуқи  Байналмилалии Пул аст.

Бояд гуфт, ки қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон айни замон Чин мебошад, ки беш аз нисфи бидеҳиҳои хориҷии душанбе  яъне наздики 1 милларду 200 миллион доллари он ба ин кишвар рост меояд. Ҳамчунин Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ  294 миллион доллар, Бонки Осиёии Рушд 225 миллион доллар, Бонки Исломии Рушд 110 миллион доллар ва Сандуқи  Байналмилалии пул  108 миллион доллар  қарздор аст.

Ҳафтаномаи “Имруз нюз” дар матлабе дар саҳфаи аввали хеш навишт, ки ба афсари амният салафиҳо ҳамла кардаанд. Ба навиштаи ин рузнома, мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, бо гумони даст доштан дар ҳамла ба афсари Кумитаи амният Муҳиддин Юлаев дар шаҳри Кӯлоб 6 пайрави равияи мамнӯи мазҳабии салафия боздошт  шудааст. Нашрия ёдовар мешавад, ки Муҳиддин Юлаев, корманди раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар минтақаи Кӯлоб шаби 13 май, дар назди қаҳвахонаи "Шабчароғ”, дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҳадафи ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт. Ба бадани ин корманди амният 24 корд задаанд ва ӯ то ҳол дар бемористон дар вазъи вазнин таҳти муроқибати табобат қарор дорад. Ҳафтаномаи СССР низ ба ин қазия таваҷҷуҳ карда, матлабе дар ин замина бо номи “Терор: Салафиҳо афсари амниятро корд задаанд!” чоп кардааст.

Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлабе бо номи “3 такон дар ҷомеа дар мавриди се ҳодисаи муҳимтарини ду моҳи ахир матлабе нашр кардааст. Ба навиштаи муаллиф, такони аввал боздошти бесобиқаи маъмурони Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон  бо ҷурми фасодкорӣ  аст. Ҳодисаи дуюм таъкиди ҷиддии раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди риояи муқарароти Қонуни танзими ҷашну маросимҳо аз сӯйи мақомдорон аст, ки ба дунболи ин додситони шаҳри Истаравшан ба далели мошинсавории писари донишҷӯяш аз симматаш  барканор шуд. Ва такони севвум ин буд, ки ВУД дар як иқдоми ғайримунтазира асомии 300 донишҷӯи донишгоҳҳои олии ин кишварро нашр кард, ки муқарароти ронандагиро нақз карда, ҷарима шудаанд.

Ҳафтаномаи “Озодагон” дар ростои  Рӯзи  ҷавонон дар Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мешавад, аз коршиносн суол кардааст, ки “ҷавонони имрӯза ба чӣ гуна ҳимоят ниёз доранд?”. Абдураҳамон Хонов, раиси дафтари ҲХДТ, ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон гуфтааст, ки давлат талош  дорад,  дар ҳалли масоили ҷавонон, аз ҷумла таъмин бо ҷойи кори муносиб ва манзили дастарас мусоидат кунад. Саъди Ворисов, таҳлилгари тоҷик гуфтааст, ки муҳимтарин ҳимояти ҷавонон ин анҷоми ислоҳоти зарурӣ дар низоми таҳсилоти Тоҷикистон аст. Шариф Муллоев, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия гуфтааст, ки ҷавонони имрӯза, пеш аз ҳама кадрҳои ҷавон ба ҳимоятҳои молӣ ва таъмини шароити мусоиди кору фаъолият ниёз доранд.

Ҳафтаномаи “Фараж” дар матлабе бо номи “Ҳуқуқи нафс” аз асароти манфии як корхонаи бузугри  саноатӣ дар шимоли Тоҷикистон ба саломатии сокинони атрофи ин коргоҳ изҳори нигаронӣ кардааст. Ба навиштаи муаллиф, партовҳои ширкати металургии “Анзоб” дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба саломатии сокинони деҳаҳои атрофи ин корхона хатари ҷиддӣ ба бор овардааст, аммо бо вуҷуди муроҷиати сокинон ба мақомоти зиддахл тадобири амалие барои ҳифзи саломатии мардум ва муҳити атроф андешида нашудааст. Дар ин матлаб таъкид мешавад, ки 51 дарсади  саҳмияҳои ин корхонаи саноатӣ моли як ширкати амрикоӣ будааст.