Июл 16, 2016 14:44 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҳаҷми умумии  тарҳҳои Тоҷикистон барои сармоягузории хориҷӣ

Кумитаи давлатии амвол ва сармоягузории Тоҷикистон аз афзоиши ҳаҷми умумии тарҳҳои ин кишвар барои сармоягузории хориҷӣ хабар дод.

 

Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амвол ва сармоягузории Тоҷикистон, ин тарҳҳо шомили 70 пружа ба арзиши ду миллиарду 84 миллион доллар аст, ки ба сармоягузорони хориҷӣ ироа шудааст. Дар ин барнома 18 тарҳ ба унвони пружаҳое, ки бояд бо қарзи молиявии хориҷӣ сохта шаванд, ироа шуда, 21 тарҳ ба сурати сармоягузории муштараки Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва 31 тарҳ низ ба унвони пружаҳое, ки бояд ба таври комил ба дасти хориҷиҳо бунёд шаванд, муаррифӣ мегардад.

Бар асоси ин гузориш, дар оғози соли ҷорӣ ҳаҷми умумии тарҳҳои ин кишвар барои сармоягузории хориҷӣ 59 пружа, ба маблағи ду миллиарду панҷ миллион доллар эълом шуда буд. Ҳамчунин тайи се моҳи аввали имсол барои амалӣ кардани теъдоде аз ‌тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон ба маблағи 212 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷалб шудааст.