Май 27, 2017 10:00 Asia/Dushanbe
  • Ибтикори шаҳрдори Душанбе барои коҳиши қимати маводи ғизоӣ дар моҳи Рамазон

Шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон эълом кардааст, ба фурӯшандагоне, ки дар моҳи мубораки Рамазон қимати маводи ғизоиро афзоиш надиҳанд, имтиёзоте хоҳад дод.

Ба гузориши сайт шаҳрдории Душанбе, ахиран Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон ба масъулони марокизи тиҷорӣ ва бозорҳо дастур додааст, ки дар моҳи мубораки Рамазон бо додани имтиёз ба фурӯшандагон аз афзоиши қимати маводи ғизоӣ ҷилавгирӣ кунанд.

Бар асоси ин дастур, фурӯшандагоне, ки дар моҳи Рамазон қимати маводи ғизоиро афзоиш надиҳанд, аз пардохти ҳаққи иҷораи моҳона ва молиёти мағозаҳо ва ғурфаҳои худ муоф ҳастанд.

Ҳамчунин барои ҷилавгирӣ аз аз афзоиши қимати маводи ғизоӣ дар моҳи мубораки Рамазон маводи ғизоӣ ва маҳсулоти кишоварзии арзон дар бархе аз манотиқи шаҳри Душанбе ба фурӯш мерасад.

Ба таври ҳамзамон масъулони идороти умури иқтисодӣ ва бозаргонии шаҳрдори Душанбе муваззаф шудаанд, ки бо афзоиши интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ аз навоҳии атроф ба пойтахт, маҳсулоти маврид ниёзи сокинонро захира кунанд.

 Дар Тоҷикистон имрӯз (шанбе) 27-уми май оғози моҳи мубораки Рамазон аст.