Май 28, 2017 08:54 Asia/Dushanbe
  • Ҳаракати дубораи автобусҳои мусофирбарӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон

Дар сурати мувофиқати ҷониби Узбакистон бо аз саргирии ҳаракати автобусҳои мусофибарӣ миёни ин кишвар ва Тоҷикистон, ширкати “Asian Express Terminal” омодааст, ки интиқоли мусофирон дар ин масирро аз Душанбе ба мақсади шаҳрҳои Узбакистон оғоз кунад.

Ба гузориши сойти Топ Тҷ, Алиҷон Валиев- муовини ширкати “Asian Express Terminal” гуфтааст, ки ин дархост ба тарафи Узбакистон аз тариқи сафорати ин кишвар дар Душанбе, ироа шуда ва дар вазорати ҳамлу нақли ин ҷумҳурӣ дар Тошканд, дар ҳоли баррасӣ мебошад.

Вай таъкид кардааст, ки дар сурати мувофиқати ҷониби Узбакистон бо ин пешниҳод, ширкати тоҷикистонии “Asian Express Terminal” омодааст, аз тирамоҳи имсол интиқоли мусофирон дар масирҳои Душанбе – Тошканд, Душанбе - Самарқанд ва Душанбе – Бухорроро оғоз кунад. Аз сӯи дигар бо аз саргирии ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон метавонад, масири азимати коргарони муҳоҷири тоҷик ба Русияро кӯтоҳтар кунад. Зеро дар ҳоли ҳозир коргарони муҳоҷир тоҷикистонӣ бо убур аз қаламрави Қирғизистон ва паймудани роҳи тӯлонӣ вориди Қазоқистон мешаванд ва аз ин кишвар ба Русия мераванд.

Ширкати "Asian Express Terminal" соли 2012 дар чаҳорчӯби ҳолдинги "Kont Group Tajikistan" аз сӯи миллиардери зиндонии эронӣ Бобак Занҷонӣ таъсис шуда буд. Ин ширкат барои бароварда сохтани ниёзҳои мусофирони тоҷик ба кишвар миқдоре аз автобусҳо ва мошинҳои таксии замонавӣ ворид карда, бинои истгоҳи автобусҳои байнишаҳрии Душанберо бозсозӣ кард.

Ин дар ҳоле аст, ки аз моҳи апрели имсол пас аз 25 сол, парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон азсар гирифта шуд. Аммо ба далели гаронии нархи билет ва набуди мусофир дар ҳоли ҳозир ин парвозҳо мутаваффқ шудааст.