Маҳкумияти як муаллими химия барои таблиғи афкори ДИИШ дар Тоҷикистон
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, муаллими химияи яке аз мадориси ноҳияи Ашт дар вилояти Суғди Тоҷикистонро ба иттиҳоми таблиғи афкори гурӯҳи террористии ДИИШ, ба 3,5 сол зиндон маҳкум кард.
Ба гузориши сойти “Азия Плюс”, ахиран додгоҳи шаҳри Хуҷанд, Шоҳмирзо Додоҷонови 46 сола- муаллими химияи яке аз мадориси давлати ноҳияи Ашт дар вилояти Суғди Тоҷикистонро ба иттиҳоми таблиғи афкори гурӯҳи террористии ДИИШ ба 3,5 сол зиндон маҳкум кард.
Ҷурабек Сангинзода, қозии додгоҳ гуфтааст, ки Мирзо Додоҷонов тайи солҳои 2013 то 2015 дар минтақаи Барнаул дар Сибири Русия, ба унвони коргари муҳоҷир фаъолият карда ва аз тариқи шабакаи иҷтимоии ҳамклосиҳо(одноклассники) фарде ба исми Имомуддин Ҳайдаров- шаҳрванди Тоҷикистонро барои пайвастан ба гурӯҳи ДИИШ ташвиқ мекунад. Маҳкум шуда бо ширкат дар нишастҳои мубаллиғони гурӯҳи террористи ДИИШ, бо боз кардани сафҳае дар шабакаи иҷтимоии ҳамклосиҳо, матолиби таблиғотии ин созмонро боргузорӣ кардааст.
Мақомоти амниятии вилояти Суғд, Додоҷоновро ҳангоми вурудаш ба Хуҷанд аз Русия, дар моҳи ноябри соли 2016 боздошт карданд. Ба гузориши додситонии вилояти Суғд, дар соли 2016 ба иттиҳоми мушорикат дар даргириҳои мусаллаҳона дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ, 28 сокини ин минтақа, аз ҷумла ду зан ва як навҷавон ба зиндон маҳкум шудаанд.
Мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, дар соли гузашта (2016), тавонистаанд як ҳазору 300 мавриди ҷурму ҷинояти марбут ба терроризм ва ифротгариро кашф кунанд, ки 464 нафар дар ин иртибот ба зиндон маҳкум гардидаанд.