Таҷлил аз солгарди таъсиси Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон
Дар маросиме дар шаҳри Душанбе, 23-умин солгарди таъсиси Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон таҷлил шуд.
Ба гузориши хабаргузории Ховар, рӯзи шанбе ба муносибати 23-умин солгарди таъсиси Қушунҳои сарҳадии ин кишвар, нишасте дар қароргоҳи Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе бо ҳузури намояндагони дастгоҳи иҷроии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амният, роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Қушунҳои сарҳадӣ, ҳамчунин роҳбарони сохторҳои қудратӣ, афсарон ва сарбозон баргузор шуд.
Дар ин маросим Шералӣ Хайруллоев, муовини раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масоили амнияти миллӣ, зимни табрики солгарди таъсиси Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон таъкид кард, таъсиси Қушунҳои сарҳадӣ ҳамчун рӯйдоди муҳимме дар таърихи навини Тоҷикистон, дар баробари таҳкими пойдории давлатдории миллӣ ва ҳифзи амнияти ҷомеа ва марзу буми кишвар, ҳамзамон нишонаи возеҳи истиқлоли сиёсии давлати Тоҷикистон аст.
Ҳамчунин дар маросими таҷлил аз неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар яке аз қисмҳои ҳарбии Душанбе, шаҳраки варзишӣ, вижаи кормандони ин ниҳод ифтитоҳ шуд, ки 300 нафар ҳамзамон метавонанд аз имконоти варзишӣ ва тафреҳии он истифода кунанд.
Дар тӯли 23 соли ахир, дар аксари мавозеъи марзии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя дидбонгоҳ ва дигар таъсисоти лозим бунёд ва навсозӣ шуда ва Қушунҳои сарҳадӣ ба таҷҳизоти модерн, силоҳ ва муҳиммоти ҷангӣ муҷаҳҳаз шудааст.
30 майи соли 1994-ум бо Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қушунҳои сарҳадии Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, 28 май ҳамчун рӯзи сарҳадбонон эълон гардид.