Май 29, 2017 09:07 Asia/Dushanbe
  • Ширкати “Ямал” парвозҳои худ ба Тоҷикистонро оғоз мекунад

Мақомоти ширкати ҳавоии “Ямал”-и Русия, аз оғози парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат ба Тоҷикистон аз фурудгоҳи ҷадиди Жуковский дар атрофи Маскав, аз рӯзи 19 июни соли ҷорӣ хабар доданд.

Ба гузориши сойти ТАСС, Андрей Дубров-сухангӯи ширкати ҳавоии “Ямал”-и Русия гуфтааст, ки бо ҳалли ихтилофи парвозӣ миёни Душанбе ва Маскав, акнун нахустин парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат ба Тоҷикистон аз рӯзи 19 июни соли ҷорӣ оғоз мешавад.

Вай таъкид кардааст, ки ҳавопаймоҳои ширкати ҳавоии “Ямал”-и Русия, ҳар ҳафта 3 парвоз ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд анҷом хоҳад дод, ки ин амр дар пайи тавофуқ бо Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон дар музокироти миён ин ду кишвар, дар моҳи апрели гузашта дар Маскав имкон пазир шуд. Аз ин рӯ, фурӯши билет барои парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат ба Душанбе ва Хуҷанд идома дорад. Нархи билети ширкатҳои ҳавоии Русия назири “Ямал”, «ЮТэйр» ва хутути ҳавоии “Урал”, дар муқоиса бо ширкатҳои тоҷикистонии “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” арзонтар мебошад.

Ихтилоф бар сари ҷадвал ва теъдоди парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни Тоҷикистон ва Русия, дар авохири моҳи декабри соли гузашта 2016 буруз кард , ки пас аз 4 моҳ бо тавофуқи тарафҳо ба поён расид.

Ба гуфтаи мақомоти Идораи ҳавопаймои кишварии Тоҷикистон, 63 дарсад аз парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон дар инҳисори ширкатҳои ҳавопаймоии ҷониби Русия қарор дорад.

Аксари коршиносон мӯътақиданд, ки боло гирифтани таниш миёни Маскав ва Душанбе бар сари ҷадвали парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ сирфан ангезаи иқтисодӣ дорад ва манофеи молии ширкатҳои ҳавоӣ, мӯҷиби эҷоди 2 мавриди буҳрон дар авохири соли 2016 ва баҳори соли ҷорӣ байни Маскав ва Душанбе шуд.

 

Барчасп