Май 30, 2017 09:22 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши нархи маводи ғизоӣ дар Душанбе бо вуҷуди дастури шаҳрдорӣ

Бо вуҷуди дастури шаҳрдории Душанбе мабнӣ бар ҷилавгирӣ аз афзоиши нархи маводи ғизоӣ дар моҳи мубораки Рамазон, сокинони пойтахти Тоҷикистон аз ҷаҳиши нархҳо шикоят мекунанд.

Ба иттилои Спутник, дар остонаи фаро расидани моҳи мубораки Рамазон, шаҳрдории Душанбе бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз афзоиши нархи маводи ғизоӣ барои фурӯшандагон имтиёзоте назири маофият аз пардохти иҷораи моҳона ва андози мағозаҳо ва ғурфаҳоро дар назар гирифт .

Аммо ҳамзамон бо оғози моҳи муборак, сокинони шаҳри Душанбе шоҳиди афзоиши нархи маводи ғизоӣ дар бозорҳои пойтахти Тоҷикистон ҳастанд .

Тибқи ин гузориш, дар ҳоле, ки нархи як килограмм гушти гов қабл аз моҳи Рамазон 30 сомонӣ буд, ин рақам акнун ба 40 сомонӣ расидааст .

Ҳамчунин нархи помидор, бодиринг, картошка, харбуза ва гелос аз 30 то 50 дарсад дар муқоиса бо қабл аз моҳи мубораки Рамазон гаронтар шудааст .

Саидабдуллоҳ Нуриддинов, иқтисоддони тоҷик бо муқоисаи нархи маводи ғизоӣ дар Узбакистони 31 миллион нафарӣ, ба ин натиҷа расидааст, ки нархи маводи мавриди ниёзи аввалияи мардум дар Тоҷикистон бо беш аз 8 миллион нафар ҷамъият ба маротиб гаронтар аз ин кишвари ҳамсоя аст .

 

Барчасп