Май 30, 2017 10:07 Asia/Dushanbe
  • Трансформатори 214 тонна ба нерӯгоҳи Норак расид

Рӯзи 28 май соати 11-30 трансформатори 450 мегаволт/ампер, ки вазни умумиаш 214 тонна аст, ба нерӯгоҳи Норак расид.

Ба иттилои сайти дафтари намояндагии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон, бузургтарин тарнсформатор аз Туркия ба Тоҷикистон оварда шуд.

Васли ин таҷҳизоти муҳими энергетикӣ имкон медиҳад, ки агрегати 8-уми нерӯгоҳ, пурра таҷдид гардад ва аҳолии Тоҷикистон бо барқи хушсифат таъмин шавад.

Гуфта мешавад, ки таҷҳизот ҳафтаҳои оянда насб хоҳад шуд.

Трансформатор дар доираи лоиҳаҳои таҷдид ва барқарорсозии НБО-и Норак дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Олмон ва Фаронса дар шаҳри Габзии Туркия сохта шудааст.

Мутахассисони "Барқи Тоҷик" ва нерӯгоҳи Норак чанд маротиба ба корхонаи Туркия сафар намуда, дар якҷоягӣ бо мутахассисони ширкати пудратчӣ — "Алстом" трансформаторро озмоиш кардаанд.

Озмоиши асосии он моҳи сентябри соли 2015 гузаронида шуда, раванди таҳвили он аз Туркия ба Тоҷикистон аз ҳамон давра оғоз шуд.

Дар таърихи нерӯгоҳи Норак, ки агрегати якуми он соли 1972 ва агрегати охиринаш соли 1979 ба кор дароварда шудааст, таҳвил ва васли трансформатори 450 мегаволт/ампер рӯйдоди нахустин ба шумор меравад.