Омадани “Боди афғонӣ” ба Тоҷикистон
Май 30, 2017 14:45 Asia/Dushanbe
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, кишварро аз шоми 29 май “Боди афғонӣ” интизор аст.
Ба иттилои Азия-Плюс, “Боди афғонӣ” рӯзи 30 май низ давом мекунад.
Бино ба ҳушдори Маркази обуҳавошиносӣ, рӯзи 30 май дар Тоҷикистон боронҳои ҷое кӯтоҳмуддату ҷое шадид зада, дар бархе манотиқ ба раъду барқ мепечанд.
Ҳарорати ҳаво рӯзон то ба ҳадди аз 8 то 10 дараҷа поён меравад. Хатари селу обхезиҳо дар рӯзҳои 30 ва 31 май бахусус дар кӯҳистон зиёд мешавад.
Интизор меравад, суръати бод аз самти ғарб то 21-26 метр дар сония боло рафта, осмонро чангбод ва торикӣ пӯшонад.
Барчасп