Май 30, 2017 15:45 Asia/Dushanbe
  • Худдории шаҳрвандони тоҷик аз сафар ба чаҳор шаҳри Русия

Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз шаҳрвандони ин кишвар хост, аз сафар ба чаҳор шаҳри Русия худдорӣ кунанд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Усмоналӣ Латифӣ, раиси бахши муносиботи байналмилалии Вазорати кори Тоҷикистон аз шаҳрвандони ин кишвар хост, аз аввали июн то 12 июли соли 2017 аз сафар ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон ва Сочии Русия худдорӣ кунанд. Латифӣ ҳушдор дод, ки дар сурати сабт нашудани иқомати шаҳрвандони муҳоҷир дар ин шаҳрҳо хатари ихроҷи онон вуҷуд дорад ва вуруди ин афрод барои чанд сол ба Русия мамнӯъ хоҳад шуд.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба далели таъмини амнияти бозиҳои "Ҷоми конфедератсияи ФИФА" вуруди шаҳрвандони хориҷиро маҳдудтар кардааст. Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси тавофуқномаи дуҷонибаи Тоҷикистону Русия, шаҳрвандони Тоҷикистон бояд пас аз 15 рӯз иқомати худро дар Русия сабт кунанд.

 

Барчасп