Май 30, 2017 17:34 Asia/Dushanbe
  • Мушкилоти амалиёти наҷоти як кӯҳнаварди эронӣ дар Тоҷикистон

Амалиёти наҷот дар маҳалли суқути як куҳнаварди эронӣ дар кӯҳҳои Бадахшони Тоҷикистон барои ду моҳ мутаваққиф шуд.

Ба иттилои сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, пайкари кӯҳнаварди эронӣ, ки ҳафтае пеш ҳангоми баромадан ба қуллаи Карл Маркс дар Тоҷикистон суқут карда буд, дар миёни пиряхҳои кӯҳистони  Помир дармонда ва ҳанӯз имкони дастрасӣ ба он вуҷуд надорад.

Ёдовар мешавем, ки Аҳмади  Некбаён, кӯҳнаварди эронӣ, ки   дар қолаби  гурӯҳи сенафараи кӯҳнавардон  ҷиҳати фатҳи  қуллаи  Карл Маркс озими Тоҷикистон шуда буд, рӯзи якшанбе, 21 май дучори сониҳа шуд ва ба даруни шикофҳои яхӣ дар кӯҳҳои Помир  суқут кард. Маҳдии Аббосӣ, узви ин гурӯҳи кӯҳнавардони эронӣ  мегӯяд, ки ин ҳодиса  дар баландии наздик ба 5 ҳазор метр, зери қуллаи Карл Маркс дар кӯҳҳои Помир иттифоқ афтод. Ба гуфтаи ӯ, дар замони ошноӣ бо масир ҷиҳати  баромадан ба қуллаи мазкур  дар ибтидо шахси вай ба шикофҳои яхӣ суқут кард ва марҳум Некбаён барои расонидани кӯмак ба ӯ рафта буд.

Дар ибтидо вазъи номусоиди обу ҳаво ва адами ҳузури кӯҳнавардони ҳирфаӣ дар минтақа амалиёти фаврии имдодрасониро бо мушкилот мувоҷеҳ карда буд. Танҳо баъди аз ҷараёни ҳодиса огоҳ шудани сафорати Эрон дар Тоҷикистон иқдомоти лозима анҷом шуда,  дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон ва чанде аз созмонҳои ғайридавлатӣ як гурӯҳи наҷот таъсис шуда, ба маҳалли ҳодиса эъзом гардид.  Зимнан 30 май Ҳуҷатулло Фағонӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо аъзои ин тими кӯҳнавардони эронӣ дар маҳалли сафорат дар Душанбе мулоқот кард.

Феълан гуфта мешавад, гурӯҳи  наҷот пас аз ёфтани пайкари  Аҳмади Некбаён ба далели пурхатар будани иқдом барои берун баровардани ҷасад аз даруни шикофҳои яхӣ амалиёти интиқоли ҷасадро мутаваққиф кард. Дар ҳоли ҳозир қарор шудааст, то пас аз гузашти 60-65 рӯз ва об шудани яхҳо талоши дубора барои баровардани пайкари кӯҳнаварди эронӣ аз сар гирифта шавад.  Марҳум Аҳмади Некбаён 58 сол дошта, сокини шаҳри Теҳрон  будааст.

Ин аввали гурӯҳи куҳнавардони эронӣ аст, ки иқдом ба фатҳи қуллаи Карл Маркс дар кӯҳҳои Бадахшони Тоҷикистон кардааст.

Қуллаи Карл Маркс бо иртифои 6 726 метр баландарин нуқта дар қаторкӯҳҳои Шоҳдара, воқеъ дар ҷанубу ғарби Бадахшони Тоҷикистон дониста мешавад. Ин қуллаи кӯҳӣ барои аввалин бор дар замони шӯравӣ,  соли 1946  аз сӯйи кӯҳнавардони рус фатҳ шуда, то кунун аз хатарноктарин қуллаҳои кӯҳӣ  барои  кӯҳнавардон дониста мешавад.