Оташсӯзии густарда дар ду бозори Фархор
Ду бозор дар маркази ноҳияи Фархор, дар минтақаи Кӯлоб дар оташ сӯхт.
Ба гузориши хабаргузории “Ахбор”, ин оташсӯзӣ асри дирӯз ҳангоме, ки бисёре аз мағозаҳо боз буданд, аз бозори марказии ноҳияи Фархор ё бозори кӯҳна оғоз шуд ва бо суръати тамом ин бозор ва сипас бозори навро ба коми худ кашид.
Шоҳидон мегӯянд, вазиши бодҳои шадиди афғонӣ ва таъхир дар расидани гурӯҳҳои оташнишонӣ боиси густариши доманаи ин оташсӯзи ба ҳар ду бозор ва сӯхтани ҳама мағозаҳо дар оташ шуд.
Ба гуфтаи масъулон ва низ мағозадорони бозори Фархор, дар ин оташсӯзӣ ҳар ду бозор тақрибан ба таври комил хокистар шудааст.
Мақомоти маҳаллии ноҳияи Фархор иллати ин ҳодисаро иттисоли симҳои барқ унвон кардаанд.
Ин бори савум аст, ки бозори Фархор дучори оташсӯзӣ мешавад.
Дар ин ду бозор дар маркази ноҳияи Фархор ҳудуди ҳазор нафар фаъолият мекарданд, ки бештари онҳо бо қарзи “Бонки Тиҷорат” барои худ касбу кор фароҳам карда буданд.