Сармоягузории Бонки тавсеаи исломӣ дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 01 Jun 2017 08:00:26 GMT )
Июн 01, 2017 13:00 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузории Бонки тавсеаи исломӣ дар Тоҷикистон

Бо мушорикати Бонки тавсеаи исломӣ дар Тоҷикистон барои ҳашт пружаи муҳим дар ин кишвар сармоягузорӣ мешавад.

Ба гузориши сайти “Авесто”, Кумитаи сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон эълом кардааст, ки маблағи умумии ин пружаҳо 543 . 7 миллион доллар баровард шудааст, ки 191 . 7 миллион доллар ё 35 дарсад аз ин маблағро Бонки тавсеаи исломӣ таъмин хоҳад кард.

Ба итилои ин манбаъ, ин пружаҳо бахшҳое монанди омӯзишу парвариш, обрасонӣ, энержӣ ва ҳамлу нақлро пӯшиш медиҳанд.

Мақомоти тоҷик аз сатҳи ҳамкориҳо бо Бонки тавсеаи исломӣ ибрози ризоят кардаву гуфтаанд, дар ҳоли баҳсу ройзанӣ бо ин муассисаи молии байналмилалӣ дар мавриди таъмини молии пружаҳои ҷадид ҳастанд.

Қаблан низ бо мушорикати Бонки тавсеаи исломӣ дар Тоҷикистон пружаҳои бозсозии ҷодаҳову сохтусози пул дар бархе аз нуқоти бузургроҳи Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб амалӣ шудааст.