Афзоиши қимат дар бозорҳои Душанбе – мавзӯи аслии нашрияҳо
Матлаби таҳлилии раиси КДАМ дар мавзӯи амният ва илм, афзоиши бесобиқаи қимати маводи ғизоӣ дар моҳи мубораки Рамазон ва дувумин пирӯзии Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони тоҷик дар мусобиқоти ҷудои Осиё дар меҳвари таваҷҷуҳи нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе қарор гирифтааст.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо чопи матлабе дар нашрияи расмии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» зери унвони “Амният ва илм” изҳор доштааст, ки таъмини амнияти миллӣ бидуни донишҳои илмӣ ғайриимкон аст. Саймӯмин Ятимов дар ин матлаб менависад, таҳдидҳои мавҷуда ба давлатдории тоҷикон худҷӯшу тасодуфӣ нест, балки ин ҷараёнҳо аз паси парда аз ҷониби "коргардонҳои доно” идора карда мешаванд. Ятимов дар матлаби хеш вазъи имрӯзаи ҷаҳону минтақаро печида тасвир карда, менависад, ки ин вазъ масъалаи ҳифзи сулҳу субот ва амниятро ба як мавзӯи дараҷаи аввал табдил медиҳад. Ба ақидаи ӯ, хатарҳои мавҷуда зуҳуроти тасодуфӣ ё худҷӯш нестанд, балки бо ҳадафи "ба гирдоби бало” андохтани миллатҳо дар асоси нақшаҳои муайян коркардшуда, аз ҷумла таҷрибаи хадамоти махсуси кишварҳои манфиатдор ва дастандаркорони ҳамин гуна аъмол дар минтақа ва ҷаҳон роҳандозӣ мегарданд. Раиси КДАМ дар идомаи мақолааш созмонҳое чун ДОИШ, "Ал-Қоида", ҲНИТ, ваҳҳобият, салафия ва "Ҳизб-ут-Таҳрир" -ро дар як қатор чида, онҳоро ҷараёнҳои террористию зиддимиллӣ меномад, вале мегӯяд, ки ҳеҷ кадоми ин падидаҳо ба сари худ қатъан чизҳои нав нестанд. Саймӯмин Ятимов дар идомаи мақолааш ба мухолифини дар хориҷбуда ва фаъолияти онҳо дар интернет пардохта, менависад, «таҳлили "нутқи хаттӣ ва даҳонӣ"-и ашхоси муайяни мавриди назар тавассути васоити элекронӣ, ки аз дуриҳои дур гоҳ-гоҳе "доди ватанхоҳӣ" мезананд, мисоли тасаввуроти содда, омиёна нисбат ба миллат, давлат, давлатсозӣ ва давлатдорӣ мебошад». Ятимов мухолифини ҳукумати кунуниро айбдор мекунад, ки мехоҳанд зери сояи ҳомиёни хориҷии худ "бо тақдири миллат бозӣ кунанд.” Саймӯмин Ятимов дар хулосаи матлабаш менависад, «ҷараёни таъмини амнияти миллӣ мусобиқаи байни сохторҳои амниятӣ бо террористҳову дигар нирӯҳои "бадхоҳ” нест, балки "ин мусобиқаву қувваозмоӣ байни ниҳодҳои таъмини амнияти миллӣ ва бозигарони пуштипардагии онон мебошад». Дар ин сабқат, ба назари раҳбари Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон танҳо бо фаҳму дониш метавон бар ин "душман”, ки аз паси парда амал мекунад, дастболо шуд.
Ҳафтаномаи СССР дар матлабе бо номи парвози нархҳои рамазонӣ талош кардааст, маълум кунад, ки то куҷо дастури шаҳрдорӣ дар мавриди танзими нархи маҳлуоти ғизоӣ дар моҳи рамазон иҷро шудааст. Хабарнигори ин ҳафтанома баъди боздид аз бозорҳои бузурги шаҳри Душанбе ба хулосае расидааст, ки бо вуҷуди амри шаҳрдори пойтахт масъулини бозорҳо натавонистанд аз афзоиши қимати маҳсулоти ғизоӣ дар моҳи Рамазон ҷилавгирӣ кунанд. Барои мисол, муаллиф навиштааст, ки “гӯшти гови бокайфиятро танҳо бо қимати 40 сомонӣ метавонед харидорӣ кунед, дар ҳоле ки дар нархномаҳои бозор нархи гӯшт ҳадди аксар 36 сомонӣ навишта шудааст”.
Ҳафтаномаи “Озодагон” зимни баррасии мавзӯи афзоиши қиматҳо дар моҳи Рамазон навиштааст, ки “бо пайравӣ аз шаҳрдори пешини Душанбе Рустамӣ Эмомалӣ низ талош дорад, ки нархи навои маҳсулоти ниёзи аввали мардумро дар ин моҳ танзим кунад, аммо суоли матраҳ ин аст, ки зӯри Рустами Эмомалӣ ба нархи наво мерасад?” Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ин ҳафтанома гуфтааст, ки “шаҳрдори пешин барои ҷилавгирӣ аз афзоиши қиматҳо дар моҳи Рамазон ҳамасола то як миллион сомонӣ қарзҳои бефоиз ба бозорҳо ҷудо карда, ҳамзамон бо ҷомеаи шаҳрвандӣ барои назорати иҷрои фармонҳояш ҳамкориии фаъол дошт”. Аммо ба гуфтаи ӯ, дар мавриди барномаҳои шаҳрдори ҷадид ҷиҳати коҳиши қиматҳо чизе гуфта наметавонад, зеро то кунун ҷаласае бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин хусус баргузор накардааст. Аз сӯи дигар ба гуфтаи Раҷаби Мирзо, шаҳрдори ҷадид бояд бо масъалаи инҳисори бозор аз сӯйи афрод ва ё ширкатҳои ҷудогона даст ба кор шавад. Аммо Саидабдулло Нуриддинов, коршиноси тоҷик дар посух ба ин суоли нашрияи Озодагон гуфтааст, ки “шаҳрдории Душанбе танҳо бо роҳи аз андоз маоф кардани фурӯшандагон дар моҳи шарифи рамазон метавонад қимати маҳсулоти ниёзи аввали мардумро коҳиш бидиҳад”. Дар баробари ин Музаффари Имомдод, як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтааст, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ на шаҳрдорӣ, балки хадамоти зиддиинҳисорӣ бояд вориди ин қазия шавад, яъне давлат бо бахши хусусӣ бояд дар бозор вориди рақобат гардад ва дар ин сурат, қиматҳо ба таври табиӣ коҳиш хоҳанд ёфт.
Нашрияи русизабони “Азия Плюс” низ ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ карда, қимати маҳсулоти ғизоиро дар моҳи Рамазон дар манотиқи мухлатифи Тоҷикистон бо ҳам қиёс кардааст. Муаллифи матлаб баъдии баррасии тафовути нархҳо менависад, ки қимати маҳсулоти ғизоӣ дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд дар қиёс ба дигар манотиқи Тоҷикистон арзонтар будааст. Самиҷон Носирҷонов, иқтисодони тоҷик ба ин нашрия гуфтааст, ки давлат бояд аз роҳи харид ва захираҳои давлатӣ нархро дар бозорро танзим кунад, на аз роҳи иҷбору зургӯӣ.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар саҳфаи аввали хеш акси паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириёнро чоп карда, навиштааст, ки “Зӯр зӯр аст, Комроншҳоро аз руйхати сиёҳ бароред!”. Муаллиф дар ин матлаб менависад, ки баъди пирӯзӣ дар қаҳрамонии куштии ҷудои Осиё паҳлавони Тоҷикистон Комроншоҳи Устопириён дар рейтинги ҷаҳонии ҷудо дар вазни то 90 кило ба ҷойи сеюм баромад. Нашрия ёдовар мешавад, ки Комроншоҳи Устопириён рӯзи 8 апрел дар “Ҷоми ҷаҳонии ҷудо Анталия Гран При 2017” дар Туркия сазовори ҷойи дуюм шуда буд. Ба навиштаи муаллиф, унвони қаҳрамони гуштии ҷудои Осиё дувумин пирӯзии Комроншоҳи Устопириён дар камтар аз ду моҳи охир баъди муҷозоти ин паҳлавон аз сӯйи масъулони Кумитаи варзиши Тоҷикистон барои як моҷароест, ки бо ин паҳлавони маъруфи тоҷик дар мусобиқаи гуштии "Ҷоми Душанбе 2017” пеш омад.
Рӯзи 23 март дар рақобати ниҳоӣ дар ин мусобиқа доварон пирӯзиро ба рақиби Комроншоҳ Саидҷалол Саидов доданд ва Комроншоҳ бисёр бо ҳарорат ба ин қарор вокуниш кард. Аммо гурӯҳи кории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳати Тоҷикистон дар пайи санҷиши рафтори Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи гуштии наврӯзии Душанбе "Ҷоми пойтахт – 2017” ин паҳлавони шинохтаро барои ду сол, аз 1 апрели соли 2017 то 1 апрели соли 2019 аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои гуштии миллӣ маҳрум кард.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” низ як саҳфаи комили хешро ба пирӯзии Комроншоҳ дар қаҳрамонии ҷудои Осиё бахшида, навиштаст, ки “ин паҳлавони тоҷик дар ҷавоб ба муҷозоти Кумитаи варзиши Тоҷикистон беҳтарин будани хешро дар Осиё бори дуввум собит кард”. Муаллиф аз он интиқод кардааст, ки “ду моҳ қабл Комроншоҳ дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо дар Туркия мақоми дуввумро касб кард, аммо кумитаи варзиши Тоҷикистон ҳатто хабаре дар ин бора нашр накард ва ин дафъа низ на ниҳоди мазкур ва на сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар мавриди қаҳрамонии Комроншоҳ хабаре нашр накарданд”.
Нашрия ёдовар мешавад, ки дар таърихи мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки аз соли 1966 баргузор мешавад, то имрӯз паҳлавонони тоҷик ҳамагӣ 15 медал, 2 тилло, 5 нуқра ва 8 бронз ба даст овардаанд.