Июн 02, 2017 20:26 Asia/Dushanbe
  • Барканории мудирони ду бозори бузурги Душанбе аз сӯйи Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе мудирони бозорҳои “Шоҳмансур” ва “Деҳқон”, ду бозори бузурги пойтахтро ба далели саҳлангорӣ ва нокомӣ дар амри пешгирӣ аз афзоиши қиматҳо дар ин ду бозор аз кор барканор кардааст.

Ба гузориши сомонаи "Ахбор”, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе фармони барканории Маҳмуд Мӯминов, раиси бозори "Шоҳмансур”, Зиёвуддин Наҷмиддинов, раиси бозори "Деҳқон”-ро имзо карда, мудирияти ду бозори асосии фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар пойтахтро ба Суннатуллоҳ Назаров ва Нуруллоҳ Алиев супурдааст. Мақомоти шаҳрдории Душанбе саҳлангорӣ дар иҷрои вазоиф, сомондиҳии нодуруст ва аз даст додани контролу назорат бар қимати колоҳоро аз далоили барканории ин ду нафар аз вазифаҳояшон унвон кардаанд. Рустами Эмомалӣ ба мудирони тоза таъйиншудаи бозорҳои "Шоҳмансур”-у "Деҳқон” дастур дода, то заминаи воридоти маҳсулоти мавриди ниёзи аввалияро аз манотиқи мухталифи кишвар ба ин ду бозор фароҳам кунанд ва иҷоза надиҳанд, қимати маҳсулот дар бозор боло биравад.

Қабл аз оғози моҳи Рамазон шаҳрдори Душанбе бо судури як қарори вижа ба мудирони бозорҳо дастур дода буд, то бо таъмини бозорҳо бо маҳсулоти фаровону тоза дар моҳи шарифи Рамазон аз афзоиши қиматҳо пешгирӣ кунанд. Вале дар рӯзҳои ибтидоии моҳи Рамазон мардум, бахусус сокинони Душанбе аз афзоиши қимати маҳсулоти асосии ғизоӣ, аз ҷумла дар бозорҳои "Шоҳмансур” ва "Деҳқон” мукарраран шикоят карданд.