Роҳандозии як сомонаи хабарии ҷадид дар Тоҷикистон
Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон сомонаи хабарии ҷадиди “Суғд нюз”-ро роҳандозӣ кард.
Ба гузориши сайти “Озодагон”, Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон ҳадаф аз таъсиси ин торнаморо пур кардани фазои иттилоотии вилояти Суғд бо интишори ахбори фавриву мувассақ дар бахшҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, варзишӣ, гардишгарӣ, фарҳангӣ, торихӣ ва зиндагии рӯзмарраи сокинони минтақа эълом кардааст.
Бар асоси ин гузориш, торнамои “Суғд нюз” ҳамчунин бо ҳадафи ҷалби гардишгарони хориҷӣ, ҳимоят аз манофеи миллӣ ва ҳифзи фазои иттилоотии кишвар аз ҳамлаҳои иттилоотии интернетӣ фаъол шудааст.
Ин сомона феълан ба забони русӣ фаъол аст, аммо тибқи барномаи муассисони он, дар оянда ба ожонси иттилоотии муваффақу чандзабона табдил хоҳад шуд.
Хуршеди Атовуллоҳ, раҳбари Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон аз корбарон хостааст, иттилооти худро дар қолаби хабар, гузориш, мусоҳиба, мақолаи таҳлилӣ ва видео барои ин сомона бифиристанд.
Раҳбари Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон гуфт: “Мо омодаи ҳамкорӣ бо ҷомеаи журналистии ҳамаи 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳастем ва ҳар касе метавонад ба унвони хабарнигори мардумӣ ё минтақаӣ бо мо ҳамкорӣ кунад. Мо бо роҳандозии ин сомона мехоҳем диёри азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем”.