Июн 03, 2017 12:42 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузории 3.9 миллиондолларии ҷопониҳо дар бозсозии фурӯдгоҳи Душанбе

Тоҷикистону Ҷопон барои иҷрои марҳилаи дувуми тарҳи бозсозии Фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ба тавофуқ расиданд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, бар асоси ин тавофуқ бунгоҳи тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) барои анҷоми марҳилаи дувуми тарҳи бозсозии фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе 3.9 миллион доллар сармоягузорӣ хоҳад кард.

Бино бар эъломи Вазорати молияи Тоҷикистон, тавофуқномаи дарёфти ин сармояро вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён ва мудири намояндагии бунгоҳи тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Тоҷикистон Ҳидики Танаби (Hidiki Tanabi) имзо карданд.

Марҳилаи нахусти ин тарҳ дар моҳи сентябри соли 2014 оғоз шуд ва бо ҳазинаи 17 миллион доллар ба анҷом расид.

Ин тарҳ ба манзури беҳбуди мудирияти парвозҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ва насби таҷҳизоти поёнаҳои борӣ дар фурӯдгоҳ иҷро мешавад.

Қарордоди иҷрои тарҳи бозсозии фурӯдгоҳи Душанбе миёни ширкати саҳҳомии “Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” ва консорсиюме аз ширкатҳои ҷопонӣ баста шудааст.

Сохтусози поёнаи бории фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе дар моҳи марти 2017 оғоз шудаву қарор аст дар моҳи августи соли 2018 ба баҳрабардорӣ бирасад.