Июн 03, 2017 14:47 Asia/Dushanbe
  • Имзои протоколи марзӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон

Расонаҳо аз имзои протокол миёни Тоҷикистон ва Узбакистон бар сари таъйини марзҳои муштарак хабар доданд.

Ба гузориши “Ахбор”, намояндагони Тоҷикистон ва Узбакистон пас аз ду рӯзи музокира бар сари аломатгузории марзҳои муштараки ду кишвар дар шаҳри Душанбе, саранҷом ба имзои тавофуқ даст ёфтанд.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар поёни музокироти марзӣ миёни ҳайатҳои ин ду кишвар протокол ба имзо расидааст. Аммо ҷузъиёти ин протокол ҳанӯз мунташир нашудааст.

Гуфтугӯҳои ҳайатҳои сиёсии ду кишвар ба сарпарастии Муҳаммадшариф Ҳақдод, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Илҳом Неъматов, сафири фавқуллодаи Вазорати хориҷаи Узбакистон баргузор шуд.

 Бино бар эълом Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар беш аз ду даҳа музокироти ду кишвар 84 дарсади манотиқ марзӣ байни Тоҷикистон ва Узбакистон аломатгузорӣ шуда ва тавофуқномаи он низ ба тасвиби парлумонҳои ин ду ҷумҳурӣ расидааст.

 Бо ин ҳол то кунун ихтилофи назари тарафҳо бар сари 16 дарсад аз марзи муштарак дар қаламрави вилояти Суғд ҳамчунон боқӣ монда буд.

 

Барчасп