Июн 04, 2017 18:01 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими солгарди иртиҳоли имом Хумайнӣ (р) дар Тоҷикистон + гузориши тасвирӣ

Ойини бисту ҳаштумин солгарди иртиҳоли малакутии ҳазрати имом Хумайнӣ (р) бунёнгузори ҷумҳурии исломии Эрон, дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Image Caption

Ба ҳамин муносибат, сафорати ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбе, маросиме баргузор кард, ки ҷамъе аз эрониёни муқим ва тоҷикони алоқаманд дар он ҳузур доштанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин маросим Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон, зимни таслияту таъзият ба муносибати риҳлати имом Хумайнӣ (р), эшонро Муҳиддини замон номид .

Вай афзуд: Ҳазрати имом ба унвони таъсиргузортарин шахсияти қарн бо дасти холӣ ва дар асри ҳокимияти дуқутбӣ ва дар шароите, ки ҳар ду қутб бо дин мушкил доштанд, масири ҷадидеро эҷод кард ва асли динро эҳё намуд ва ба ҳамин далел метавон эшонро Муҳиддини замон номид .

Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт: Ҳазрати имом Хумайнӣ (р) ба навъе бузургтарин инқилоби баъд аз инқилоби анбиёро рақам заданд, ки як инқилоб фарҳангӣ буд ва ба мабное барои ҷунбишҳои зиддиистибдодӣ дар минтақа табдил шуд .

Дар идома, аз маҷмуаи ашъори Исмоили Зарифӣ, шоири тоҷик рӯнамоӣ шуд. Ин китоб, ки “Ҳусни хатом" ном дорад, шомили 150 махмас ва тазомине ба ғазалиёти имом Хумайнӣ (р) аст .

Image Caption

Маддоҳӣ, пахши тасовире аз маросими ташйии раҳбари кабири инқилоб, қироати бхшҳое аз васиятномаи сиёсии илоҳии имом аз қисматҳои дигари ин барнома буд .

Image Caption